Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон аввалин бозиашро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 бо тими Қирғизистон баргузор мекунад.
Марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2025 дар минтақаҳо ба поён расид.
Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ ба Чин сафар карданд. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо аз 7-ум то 14-уми феврал дар ду маҳал — музофоти Хэйлунтзян - Ҳарбин ва Ябули - барпо мегардад.
Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар даври сездаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон тими «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро мустаҳкам кард.
Аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2025 - бо ширкати 298 варзишгар (164 мард ва 134 зан) аз 50 кишвар бидуни варзишгарони тоҷик рӯзҳои 1-2-юми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор шуд.
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни то 65,8 кило намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дод.
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни нимасабук (то 65,8 кг) шаби якуми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли қувваозмоӣ мекунад. Рақобат соати 22:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дар аввалин мусобиқаи имсолаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 1-2-юми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор мешавад, варзишгарони тоҷик ширкат намеварзанд.
Бозии санҷишӣ миёни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Вахш"-и Бохтар - бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» ширкат меварзад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи кураш, ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, беш аз 230 варзишгар дар ҳафт вазн рақобат намуданд.
Виктор Рассадин, варзишгари маъруф, дар мусобиқаи бузурги рейтингии байнулмилалии «Zagreb Open», ки рӯзҳои 5-9-уми феврал дар пойтахти Хорватия - шаҳри Загреб - баргузор мешавад, Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод намояндагӣ хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар