Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоскӯлоҳи бузург"-и Порис бе иштироки паҳлавонони тоҷик


Дар аввалин мусобиқаи имсолаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 1-2-юми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор мешавад, варзишгарони тоҷик ширкат намеварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, "Тоскӯлоҳи бузург" дар Порис бо ширкати 317 варзишгар (175 мард ва 142 зан) аз 54 кишвари чаҳор қораи олам доир мегардад.

Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ин мусобиқа намояндагони ҳафт кишвар – Озарбойҷон ( 11 мард), Эстония (1 мард), Гурҷистон (12 мард ва 2 зан), Латвия (1 мард), Литва (1 мард ва 1 зан), Украина (2 мард ва 2 зан) ва Узбекистон (3 мард) – ширкат меварзанд. Варзишгарони Русия (7 мард) дар ҳайати дастаи бетараф таҳти парчами Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқа дастаи мизбон – Фаронса - бо теъдоди аз ҳама бузург: 56 нафар (28 мард ва 28 зан) – иштирок мекунад.

Барномаи мусобиқа: якуми феврал, мардон: -60 кг, -66 кг, - 73 кг; занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, - 63 кг; дуюми феврал, мардон: - 81 кг, - 90 кг, -100 кг, +100 кг; занон: -70 кг, -78 кг, +78 кг.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Paris Grand Slam 2025 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024) натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар дохил буд: Меҳрзод Сӯфиев (вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни -66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова (-52 кг) дар сабқати занон.

Аз байни онҳо се нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб карданд.

Барои иштирок дар дуюмин мусобиқаи имсолаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо - Baku Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - баргузор мешавад, шаш варзишгари тоҷик дар сабқати мардон номнавис шудаанд: Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни --81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг).

Дар зимн, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар риштаи ҷудо дар мусобиқоти байнулмилалӣ 36 медал, аз ҷумла 8 нишони тило, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд зикр намуд, ду медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса натиҷаи беҳтарин дар риштаи ҷудо дар соли 2024 аст. Дар Олимпиадаи Порис-2024 Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳамчунин соли гузашта Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Дарвоқеъ, ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.

XS
SM
MD
LG