Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки футболбозони навраси тоҷик дар "Ҷоми рушд-2025"


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ, ки аз 16-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мешавад, ҳашт даста иштирок мекунад.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Русия (16-уми феврал), Эрон (17-уми феврал) ва Қазоқистон (19-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон ва тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия дохил шудаанд.

Тибқи дастури мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6-ум ва 7-8-ум баргузор мешаванд.

Мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» дар Минск

Гурӯҳи «А»

Беларус

Узбекистон

Озарбойҷон

Академияи «Blockchain Sports» (Бразилия)

Гурӯҳи «В»

Русия

Тоҷикистон

Эрон

Қазоқистон

Бояд гуфт, мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2025” дар Минск барои футболбозони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола маҳсуб меёбад, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5-уми апрел), Кореяи Шимолӣ (8-уми апрел) ва Эрон (11-уми апрел) рақобат мекунад.

Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.

Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17)

Гурӯҳи «D»

Эрон

Тоҷикистон

Уммон

Кореяи Шимолӣ

Даври 1-ум

5-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣсоати 20:00 бо вақти Душанбе

Тоҷикистон - Уммон

Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳзода Абдулло Ал-Файсал

Даври 2-юм

8-уми апрел (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 20:00 бо вақти Душанбе

Кореяи Шимолӣ - Тоҷикистон

Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳ Абдулло Спортс Сити Холл

Даври 3-юм

11-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣсоати 22:15 бо вақти Душанбе

Эрон - Тоҷикистон

Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳзода Абдулло Ал-Файсал

XS
SM
MD
LG