Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд – ҳашт даста ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи дигаи олӣ – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор; аз минтақаи Суғд ду дастаи лигаи якум - «Саразм»-и Панҷакент ва «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ; аз минтақаи Хатлон ду даста - «Сомон»-и Данғара (намояндаи лигаи якум) ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (намояндаи лигаи олӣ) - ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ ёфтанд.
Бар асоси қуръакашӣ, ки 5-уми феврал дар қароргоҳи ФФТ доир гардид, ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи “А” – “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Сомон”, “Саразм”; гурӯҳи “Б” – КМВА, “Ҳосилот”, “Панҷшер”, “Мастчоҳ”.
Дастаҳо дар гурӯҳҳои худ муқобили рақибонашон яктоӣ бозӣ анҷом медиҳанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳои зинаҳои дуюм ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ пайдо мекунанд.
Бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 аз 10-ум то 22-юми феврал дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2025 дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ба дастаи ғолиб 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар мавсими соли 2024 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардида буд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори чордаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – шаш бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.