Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоскулоҳи бузург" дар Порис бе иштироки паҳлавонони тоҷик гузашт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2025 - бо ширкати 298 варзишгар (164 мард ва 134 зан) аз 50 кишвар бидуни варзишгарони тоҷик рӯзҳои 1-2-юми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор шуд.

Чунонки сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар "Тоскулоҳи бузург" дар Порис аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ намояндагони ҳафт кишвар – Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Латвия, Литва, Украина ва Узбекистон – ширкат варзиданд. Варзишгарони Русия дар ҳайати дастаи бетараф таҳти парчами Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 15 медал (3 тило, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (3 тило, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медал (1 тило ва 2 нуқра) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо варзишгарони Узбекистон бо шумули се мард ширкат варзида, бо ду медал (як тило: Шаҳром Аҳадов, -73 кг ва як биринҷӣ: Баҳром Ботуров, -60 кг) дар ҷойи ҳафтум қарор гирифтанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Paris Grand Slam 2025 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2024 натавонистанд медал бигиранд. Аз байни нӯҳ гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-9и кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб карданд.

Дуюмин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Baku Grand Slam 2025 - рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - баргузор мешавад. Барои иштирок дар ин мусобиқа шаш варзишгари тоҷик дар сабқати мардон номнавис шудаанд: Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни --81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг). Дарвоқеъ, Беҳрӯзи Хоҷазода, ки қаблан дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, минбаъд дар вазни то 81 кило рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” то ҳоло 284 варзишгар (179 мард ва 105 зан) аз 40 кишвари ҷаҳон номнавис шудааст. Соли гузашта дар ин мусобиқа аз 12 паҳлавони тоҷик танҳо Абубакр Шеров медал гирифта буд. Вай дар вазни то 73 кило дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Ғолибону ҷоизадорони Paris Grand Slam 2025:
Мардон
-60 кг
1. Ромаин ВАЛАДЙЕ ПИКАРД (Фаронса)
2. Кента СЕКИМОТО (Ҷопон)
3. Энцо ҶЕАН (Ҷопон)
3. Баҳром БОТУРОВ (Узбекистон)


-66 кг
1. Руслан ПОШОЕВ (Озарбойҷон)
2. Даикии БУБА (Фаронса)
3. Валиде ХЯР (Фаронса)
3. Важа МАРГЕЛАШВИЛИ (Гурҷистон)


-73 кг
1. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)
2. Акил ГЖАКОВА (Косово)
3. Рашид МАММАДАЛИЕВ (Озарбойҷон)
3. Максим ГОБЕРТ (Фаронса)


-81 кг
1. Франсис ГАПЙЕ ДЕПРАУ (Канада)
2. Нургазӣ ТАТАЛИШВИЛИ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Матйе КАССЕ (Белгия)
3. Умар РАҶАБЛӢ (Озарбойҷон)


-90 кг
1. Ҷонгхун КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Лука МАЙСУРАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Гоки ТАҶИМА (Ҷопон)
3. Алексис МАТЮ (Фаронса)


-100 кг
1. Ҷаъфар КОСТОЕВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
2. Леонардо ГОНСАЛВЕС (Бразилия)
3. Арман АДАМЯН (IJF)
3. Иван Филипе СИЛВА МОРАЛЕС (Куба)


+100 кг
1. Инал ТАСОЕВ (IJF)
2. Сеунуеб ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Тома НИКИФОРОВ (Белгия)
3. Мартти ПУМАЛАЙНЕН (Финляндия)

Занон
-48 кг
1. Мисуки КОНДО (Ҷопон)
2. Ширин БУКЛИ (Фаронса)
3. Вакана КОГА (Ҷопон)
3. Тара БАБУЛФАТ (Шведсия)


-52 кг
1. Кисуми ОМОРИ (Ҷопон)
2. Кокоро ФУҶИШИРО (Ҷопон)
3. Аюми ЛЕИВА САНЧЕС (Испания)
3. Дистриа КРАСНИКИ (Косово)


-57 кг
1. Мартина ФАВАЗ (Фаронса)
2. Тимма НЕЛСОН ЛЕВИ (Исроил)
3. Мегуми ФУЧИДА (Ҷопон)
3. Офеллие ВЕЛЛОЗЗИ (Фаронса)


-63 кг
1. Харука КАҶИ (Ҷопон)
2. Манон ДЕКЕТЕР (Фаронса)
3. Мелкиа АУЧЕКОРНЕ (Фаронса)
3. Нора ГЖАКОВА (Косово)


-70 кг
1. Аи ТСУНОДА РУСТАНТ (Испания)
2. Мау ҲОНДА (Ҷопон)
3. Марие Ева ГАҲИЕ (Фаронса)
3. Маргит ДЕ ВУГД (Нидерданд)


-78 кг
1. Патрисиа САМРАО (Португалия)
2. Инбар ЛАНИР (Исроил)
3. Аудрю ТСЕУМЕО (Фаронса)
3. Фанни Естелле ПОСВИТ (Фаронса)


+78 кг
1. Леа ФОНТАНИ (Фаронса)
2. Ҳуенҷи ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Раз НЕРШКО (Исроил)
3. Мао АРАИ (Ҷопон)

XS
SM
MD
LG