Ин бозӣ 28-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузашт. Алишер Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 37-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Саидшо Бозоров аз дастаи “Вахш” дар дақиқаи 51-ум зад.
Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол барои тамрин ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад.
“Истиқлол” дар доираи ин ҷамъомад, ки аз 11-ум то 24-уми феврал зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко сурат мегирад, бо бошгоҳҳои хориҷӣ се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бозии аввалин рӯзи 14-уми феврал бо дастаи "Урарту"-и Арманистон барпо мегардад. 17-уми феврал "Истиқлол" бо дастаи "Динамо"-и Самарқанд рӯбарӯ мешавад. Намояндаи Лигаи бартари Русия - тими "Ростов", ки ба ҳайати он дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов шомил аст, сеюмин рақиби қаҳрамони Тоҷикистон мешавад. Ин бозӣ 21-уми феврал баргузор хоҳад шуд.
Бо сабаби ба анҷом расидани қарордод, "Истиқлол"-ро ҳимоятгарон Кейта Сузукии ҷопонӣ, Мэтю Миллари австралиягӣ, Дарко Илиескии македонӣ, Алексей Ларини укроин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, ҳамлагарон Димитар Миткови булғор ва Франческо Марҷиоттаи итолиёӣ тарк карданд.
Ҳамчунин, “Истиқлол” бо бозигарони маҳаллӣ Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе хайрухуш намуд. Эҳсон ба бошгоҳи Суперлигаи Узбекистон - “Суғдиён” - гузашт. Ҳамадонӣ ба Лигаи бартари Эрон - тими “Гулгуҳар” - пайваст. Шервонӣ дар қаҳрамонии Озарбойҷон шарафи бошгоҳи «Кяпаз»-ро ҳимоя мекунад.
Футболбози африқоӣ аз Нигерия Ҷозеф Окорои 24-сола ба "Истиқлол" баргашт. Вай дар мавсими соли 2023 дар ҳайати "Истиқлол" қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар гардида буд. Сипас ӯ ба "Динамо"-и Минск гузашт ва бо ин даста ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Беларус шуд. Шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷозеф Окоро то охири мавсими имсола баста шуд.
Бо гузашти ним сол ба ҳайати «Истиқлол» нимҳимоятгар аз Босния ва Ҳерзеговина Денис Беганович баргашт, ки қаблан муддати як сол – аз моҳи июли соли 2023 то июли соли 2024 - дар даста ҳунарнамоӣ карда буд. Созишномаи нави ҳамкорӣ бо Беганович то охири соли ҷорӣ ба имзо расид.
Дастаи “Истиқлол” дар равзанаи кунунии трансферӣ бо дастпарвари худ, ҳамлагари 19-сола Масрур Ғафуров шартномаи сесола ба имзо расонд. Масрур аъзои тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин, дастаи «Истиқлол» бо нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов созишномаи меҳнатӣ ба имзо расонд. Вай дар мавсимҳои 2017-2021 ва 2022-2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда буд. Ду мавсими охир Раҳимов дар тимҳои «Бухоро»-и Узбекистон ва «Равшан»-и Кӯлоб бозӣ мекард.
Пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати иҷораи яксола Салоҳиддин Эргашев ва Ҳайдар Сатторов (ҳарду аз «Вахш»), инчунин Шуҳрат Шоҳназаров («Хуҷанд»-и Хуҷанд) ва Рустам Камолов («Барқчӣ»-и Ҳисор) ба дастаи «Истиқлол»баргаштанд.