Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, дар бозии дигари даври сездаҳум дастаи «Амонатбонк»-и Душанбе дар меҳмонӣ аз тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:7 шикаст хӯрд. «Сипар»-и Хуҷанд дар майдони худ тими «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби 12:1 мағлуб кард. «Сомон»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Регар»-и Турсунзода - бо ҳисоби 9:1 пирӯз шуд.
Пас аз ҷамъбасти сездаҳ даври мусобиқа дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 33 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Тими “Амонатбонк”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 27 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Дастаҳои “Истаравшан” ва “Истиқлол” бо 23-имтиёзӣ мутаносибин дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.
Бозиҳои даври чордаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 8-9-уми феврал баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе “Хуҷанд” бо “Истаравшан”, “Амонатбонк” бо “Сомон“, рӯзи якшанбе “Соро компания” бо “Сипар” ва “Регар” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон, ки 19-уми октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста то рӯзи 9-уми марти имсол идома меёбад.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:
Даври 13-ум
«Истаравшан» –– «Амонатбонк» – 7:3
«Сипар» - «Пойтахт»– 12:1
«Истиқлол»–– «Соро компания» – 0:2
«Сомон» –– «Регар» – 9:1
Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
«Соро компания» (Душанбе) |
12 |
11 |
0 |
1 |
61-22 |
33 |
2 |
«Амонатбонк» (Душанбе) |
11 |
9 |
0 |
2 |
66-35 |
27 |
3 |
«Истаравшан» (Истравашан) |
12 |
7 |
2 |
3 |
71-34 |
23 |
4 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
11 |
7 |
2 |
2 |
49-16 |
23 |
5 |
«Сипар» (Хуҷанд) |
11 |
5 |
2 |
4 |
63-30 |
17 |
6 |
«Сомон» (Душанбе) |
12 |
4 |
3 |
5 |
45-44 |
15 |
7 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
11 |
3 |
0 |
8 |
29-84 |
9 |
8 |
“Регар” (Турсунзода) |
12 |
1 |
0 |
11 |
23-78 |
3 |
9 |
“Пойтахт” (Душанбе) |
12 |
0 |
1 |
11 |
12-76 |
1 |
Даври 14-ум
8-уми феврал (шанбе)
“Хуҷанд” - “Истаравшан”
“Амонатбонк” – “Сомон“
9-уми феврал (якшанбе)
“Соро компания” - “Сипар”
“Регар” - “Истиқлол”