Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон аввалин бозиашро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 бо тими Қирғизистон баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа аз 9-ум то 16-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Сармураббии тими миллии занонаи футзали Тоҷикистон Баҳром Ёрматов ба ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки дар Душанбе як ҳафта идома кард, 22 нафар – 3 дарвозабон ва 19 бозигарро даъват намуд. Ба рӯйхати ниҳоии даста барои иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 14 бозигар шомил карда мешавад.

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон, ки дар давври аввали мусобиқа озод аст, нахустин бозии худро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 бо тими Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи душанбеи 10-уми феврал доир мегардад.

Баъдан занони футзалбози тоҷик 12-уми феврал бо мунтахаби Туркманистон, 14-уми феврал бо дастаи Узбекистон ва 16-уми феврал бо тими Эрон рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби занона

Иштироккунандагон:

Қирғизистон

Тоҷикистон

Туркманистон

Узбекистон

Эрон

Даври якум

9-уми феврал (якшанбе)

14:00 – Туркманистон - Қирғизистон

17:00 – Узбекистон – Эрон

Даври дуюм

10-уми феврал (душанбе)

16:00 – Туркманистон - Узбекистон

19:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври сеюм

12-уми феврал (чоршанбе)

16:00 – Эрон - Қирғизистон

19:00 – Тоҷикистон – Туркманистон

Даври чаҳорум

14-уми феврал (ҷумъа)

16:00 – Эрон - Туркманистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври панҷум

16-уми феврал (якшанбе)

16:00 – Қирғизистон - Узбекистон

19:00 – Тоҷикистон - Эрон

Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.

Ёдовар мешавем, дар севумин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои занона (Womens Futsal Championship 2024), ки моҳи феврали соли гузашта дар Душанбе доир гардид, тими миллии футзали Эрон пирӯз шуда буд. Мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо касби 12 имтиёз барандаи мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.

Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Узбекистон (9 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро мунтахаби Қирғизистон (6 имтиёз) соҳиб гашт. Мунтахаби Туркманистон (3 имтиёз) чаҳорум шуд.

Аммо дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар ҳамаи бозиҳояш аз тимҳои Қирғизистон (2:4), Туркманистон (1:4), Узбекистон (0:7 ва Эрон (0:9) шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG