Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки чаҳор варзишгари тоҷик дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ


Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ ба Чин сафар карданд. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо аз 7-ум то 14-уми феврал дар ду маҳал — музофоти Хэйлунтзян - Ҳарбин ва Ябули - барпо мегардад.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҳарбин 7-уми феврал баргузор мешавад. Ҳарбин бори дуюм мизбони бозиҳо хоҳад шуд. Дар ин шаҳри Чин бори аввал соли 1996 Бозиҳои зимистонаи осиёӣ доир шуда буд.

Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ иштироки беш аз 1200 варзишгар аз 34 кишвари қора дар назар аст. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, шорт-трек, рақси рӯи ях, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, ҳоккей бо шайба, фристайл-акробатика ва ски-кӯҳнавардӣ - баргузор хоҳад шуд.


Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ дохиланд, ки дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург байни мардон ширкат меварзанд.

Бояд зикр намуд, шумораи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар Чин нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам аст. Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон 137 варзишгар дар 10 намуд, Қирғизистон – 53 варзишгар дар 5 намуд, Узбекистон – 26 варзишгар дар 6 намуд ва Туркманистон – 25 варзишгар дар се намуд дохиланд.

Дарвоқеъ, дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои зимистонаи осиёӣ шомил аст.

Ба назари коршиносони соҳа, урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад. Инчунин дар ин урдугоҳ барои омода кардани варзишгарони соҳибихтисос шароити зарурӣ мавҷуд нест.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон баргузор шуданд, беш аз 1200 варзишгар аз 29 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро чаҳор варзишгар – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург миёни мардон намояндагӣ карданд, аммо натавонистанд медал бигиранд.

Варзишгарони тоҷик ба ғайр аз Бозиҳои зимистонаи осиёӣ, инчунин дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Универсиадаи ҷаҳонии зимистона борҳо иштирок карда, бе медал мондаанд.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 74 медал, ки 27-тоаш нишони тило буд, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал, минҷумла 16 нишони тило, дар ҷойи дуюм ва Чин бо касби 35 медал, аз он ҷумла 12 нишони тило дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG