Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки Виктор Рассадин дар мусобиқаи байнулмилалии "Zagreb Open”


Виктор Рассадин
Виктор Рассадин

Виктор Рассадин, варзишгари маъруф, дар мусобиқаи бузурги рейтингии байнулмилалии «Zagreb Open», ки рӯзҳои 5-9-уми феврал дар пойтахти Хорватия - шаҳри Загреб - баргузор мешавад, Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии занона сурат мегирад, шогирди мактаби гуштии Ёқутистони Русия Виктор Рассадин рӯзи 5-уми феврал ба рақобат мепардозад.

Дар байни 12 иштироккунандаи рақобатҳои гуштии озод дар вазни 70 кило қаҳрамони ҷаҳон Исмоил Мусукаев (Венгрия ё Маҷористон), ҷоизадори дукаратаи қаҳрамонии ҷаҳон, барандаи Ҷоми ҷаҳон Ҷеймс Грин (ИМА), ҷоизадори қаҳрамонии Аврупо Васил Дякону (Молдова), инчунин гуштигирони маъруф Кянан Ҳайбатов аз Озарбойҷон, эрониҳо Сино Халилӣ ва Иброҳим Иллоҳӣ, ҳинду Ануҷ Кумар, амрикоӣ Алек Понталео ҳастанд.

Ба мисли «Zagreb Open» имсол боз се мусобиқаи рейтингӣ доир мешавад: мусобиқа ба хотираи Муҳаммад Мало дар Тирани Албания (охири феврал), «Ulaanbaatar Open» дар Уланбатори Муғулистон (охири май) ва ба хотираи Имрэ Пойак, Янош Варг, Иштван Козма дар Будапешти Маҷористон (нимаи июл).

Ин мусобиқаҳои силсилаи рейтингӣ вобаста ба натиҷаи ҷойи ишғолкарда ба гуштигир имтиёзҳои муайян медиҳанд, ки ҳангоми қуръакашӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, Аврупо, Панамерика, Африқо ва Уқёнус, муҳимтар аз ҳама, дар қаҳрамонии ҷаҳон заруранд.

Виктор Рассадин дар феҳристи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) ба даҳгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дар вазни худ шомил шудааст. Ӯ дар вазни 74 кило бо 36 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум қарор дорад.

Виктор Рассадин, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон медали нуқра ба даст овардааст. Вай дар финал аз Коте Такахасии ҷопонӣ мағлуб шуда буд. Моҳи майи соли гузашта Рассадин дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардидааст.

Виктор Рассадин дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод дар вазни 74 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, дар натиҷа мақоми панҷумро касб кардааст.

Пас аз Олимпиадаи Порис Виктор Рассадини 31-сола моҳи октябри соли гузашта дар Ёқутистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Коркин дар вазни 74 кило ғолиб шудааст.

XS
SM
MD
LG