Варзишгарони ҷавони тоҷик дар се мусобиқаи бозии ҷудо дар Тунис миёни наврасон, навҷавонон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 13-16-уми феврал баргузор шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тими миллии футзали Эрон, ки дар даври охирини қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 10:1 шикаст дод, бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқа гардид.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – доир гардид, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик Абубакр Шеров дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.
Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ, ки рӯзҳои 7-14-уми феврал дар шаҳри Ҳарбини Чин баргузор шуданд, дар ҳисоби медалҳо бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид.
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе ҷараён дорад, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд.
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - доир мегардад, тавассути қуръакашӣ маълум шуданд.
Паҳлавони тоҷик Ғуломшо Давлатназаров дар мусобиқаи XXIX байнулмилалии самбо барои ҷоизаҳои президенти Беларус, ки рӯзҳои 11-12-уми феврал дар Қасри варзиши шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Тими миллии футзали Эрон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе ҷараён дорад, пешсаф шуд.
Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар даври чордаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон тими меҳмон - «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро нигоҳ дошт.
Дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - доир мегардад, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Ёфтҳои бештар