Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занонаро, ки аз 23-юми июн то 5-уми июли соли равон доир мегардад, тасдиқ кард.
Дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2025”, ки аз 28-уми феврал то 2-юми март дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ хоҳанд кард.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куреси қазоқӣ байни бузургсолон, ки рӯзҳои 26-27-уми феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштигирӣ, ки рӯзҳои 22-23-юми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, муайян шуданд.
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ миёни наврасони 15-16-сола барои гиромидошти хотираи Манарбек Ихсанов, қаҳрамони бокси Қазоқистон, шаш медал (ду тило ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷидда дар бозии дӯстона аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.
Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Русия (U-17) ғолиби мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» дар шаҳри Мински Беларус гардид.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21-уми феврал ба Арабистони Саудӣ рафт.
Дар се бозии даври понздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон мизбонон ва дар як дидор меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар чаҳор бозӣ ҳамагӣ 38 гол зада шуд.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» дар шаҳри Мински Беларус дар ҳарсе бозиаш шикаст хӯрд.
Ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) – ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2025 роҳ ёфтанд.
Ёфтҳои бештар