Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 14-уми Суперлигаи футзали Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар даври чордаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон тими меҳмон - «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро нигоҳ дошт.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, дар бозии дигари даври чордаҳум дастаи «Амонатбонк»-и Душанбе бар тими “Сомон”-и Душанбе бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ тими «Регар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 8:1 мағлуб кард. “Истаравшан”-и шаҳри Имстаравшан бар тими мизбон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - бо ҳисоби 19:1 ғолиб омад.

Пас аз ҷамъбасти чордаҳ даври мусобиқа дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 36 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Тими “Амонатбонк”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 30 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Дастаҳои “Истаравшан” ва “Истиқлол” бо 26-имтиёзӣ мутаносибин дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Бозиҳои даври понздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 15-16-уми феврал баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе “Сомон” бо “Хуҷанд”, “Истиқлол” бо “Амонатбонк”, рӯзи якшанбе “Пойтахт” бо “Соро компания” ва “Сипар” бо “Регар” бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон, ки 19-уми октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста то рӯзи 9-уми марти имсол идома меёбад.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:

Даври 14-ум

“Хуҷанд” - “Истаравшан” – 1:19

“Амонатбонк” – “Сомон“ – 4:1

“Соро компания” - “Сипар” – 3:2

“Регар” - “Истиқлол” – 1:8

Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

13

12

0

1

64-24

36

2

«Амонатбонк» (Душанбе)

12

10

0

2

70-36

30

3

«Истаравшан» (Истравашан)

13

8

2

3

90-35

26

4

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

2

2

57-17

26

5

«Сипар» (Хуҷанд)

12

5

2

5

65-33

17

6

«Сомон» (Душанбе)

13

4

3

6

46-48

15

7

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

12

3

0

9

30-103

9

8

“Регар” (Турсунзода)

13

1

0

12

24-86

3

9

“Пойтахт” (Душанбе)

12

0

1

11

12-76

1

Даври 15-ум

15-уми феврал (шанбе)

“Сомон“ - “Хуҷанд”

- “Истиқлол” - “Амонатбонк” –

16-уми феврал (якшанбе)

“Пойтахт” - “Соро компания”

“Сипар” - “Регар”

XS
SM
MD
LG