Бозии даври панҷуми мусобиқаи имсола миёни тимҳои миллии занонаи футзали Тоҷикистону Эрон 16-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе доир гардид. Бозии дигари даври охирин байни дастаҳои мунтахаби Узбекистону Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 4:4 хотима ёфт.
Дар чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни занон дар Душанбе дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Мусобиқа, ки аз рӯйи системи даврӣ дар як давра баргузор шуд, рӯзи якшанбеи 16-уми феврал ба поён расид.
Ёдовар мешавем, аввалин бозии мусобиқаи имсола миёни дастаҳои мунтахаби занонаи футзали Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расида буд. Дар бозии дигари даври якум тими миллии Эрон дастаи мунтахаби Узбекистонро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Дар даври дуюми мусобиқа Узбекистон ба Туркманистон бо ҳисоби 6:3 ва Қирғизистон ба Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.
Дар даври сеюм Эрон ба дарвозаи қирғизҳо 10 голи беҷавоб зад ва Тоҷикистон бозиро ба Туркманистон бо ҳисоби 0:1 бохт. Бозии даври чаҳоруми мусобиқа миёни занони футзалбози тоҷику узбек бо ҳисоби 8:1 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Дар бозии дигари давр чаҳорум мунтахаби Эрон ба дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.
Пас аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқа тими Эрон бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Узбекистон, ки бо 7 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи Қирғизистон, ки бо 5 имтиёз ҷойи сеюмро касб кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид. Мунтахаби Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт.
Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Баҳром Ёрматов бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Дар мусобиқаи соли гузашта низ дар Душанбе бонувони тоҷик бидуни имтиёз ҷойи охиринро гирифта буданд.
Малика Эминова аз дастаи Туркманистон беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуд. Марал Туркман аз тими Эрон бо 10 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид. Ҷоизаи "Fair Play" (“Бозии шафоф”) насиби дастаи Қирғизистон шуд.
Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби футзали занона
Иштироккунандагон:
Қирғизистон
Тоҷикистон
Туркманистон
Узбекистон
Эрон
9-уми феврал (якшанбе)
Туркманистон – Қирғизистон – 1:1
Узбекистон – Эрон – 0:9
Даври дуюм
10-уми феврал (душанбе)
Туркманистон – Узбекистон – 3:6
Қирғизистон – Тоҷикистон – 3:0
Даври сеюм
12-уми феврал (чоршанбе)
Эрон – Қирғизистон – 10:0
Тоҷикистон – Туркманистон – 0:1
Даври чаҳорум
14-уми феврал (ҷумъа)
Эрон – Туркманистон - 5:1
Узбекистон – Тоҷикистон – 8:1
Даври панҷум
16-уми феврал (якшанбе)
Қирғизистон – Узбекистон – 4:4
Тоҷикистон – Эрон – 1:10
Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
Эрон |
4 |
4 |
0 |
0 |
34-2 |
12 |
2 |
Узбекистон |
4 |
2 |
1 |
1 |
18-17 |
7 |
3 |
Қирғизистон |
4 |
1 |
2 |
1 |
8-15 |
5 |
4 |
Туркманистон |
4 |
1 |
1 |
2 |
6-12 |
4 |
5 |
Тоҷикистон |
4 |
0 |
0 |
4 |
2-22 |
0 |