Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқаи анъанавӣ 275 варзишгар (175 мард ва 100 зан) аз 38 кишвар номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2024” шаш варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг) - дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд.
Дарвоқеъ, Беҳрӯзи Хоҷазода, ки қаблан дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, ҳамакнун дар вазни то 81 кило вориди рақобат хоҳад шуд.
Дар мавсими имсола ин аввалин мусобиқаи байнулмилалист, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат меварзанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд.
Барномаи мусобиқа:
14-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
15-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
16-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» дар вазни беш аз 100 кило соли 2021 медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст. Аммо варзишгарони тоҷик соли 2023 дар мусобиқаи «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023» бе медал монданд.
Соли гузашта бошад, дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» аз 12 паҳлавони тоҷик танҳо Абубакр Шеров медал гирифт. Вай дар вазни то 73 кило дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид.