Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи самбо дар Минск


Ғуломшо Давлатназаров аз рост дуюм
Ғуломшо Давлатназаров аз рост дуюм

Паҳлавони тоҷик Ғуломшо Давлатназаров дар мусобиқаи XXIX байнулмилалии самбо барои ҷоизаҳои президенти Беларус, ки рӯзҳои 11-12-уми феврал дар Қасри варзиши шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 200 варзишгар аз нӯҳ кишвар - Арманистон, Беларус, Булғористон, Қирғизистон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - иштирок карда, барои ҷоизаҳо дар 21 вазн (7 вазн миёни мардон, 7 вазн байни занон ва 7 вазн - самбои размӣ) мубориза бурданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор варзишгар (ду нафар дар самбои варзишӣ ва ду нафар дар самбои размӣ) намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Ғуломшо Давлатназаров медал гирифт. Вай дар намуди самбои размӣ дар вазни то 64 кило ҷойи сеюмро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Зимнан, ин мусобиқа барои самбочиёни мо дар мавсими нав аввалин мусобиқаи байнулмилалӣ ба шумор мерафт.”

Бузургтарин мусобиқоти имсола қаҳрамонии самбои ҷаҳон мебошад, ки рӯзҳои 10-12-уми ноябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод - баргузор мешавад.

“Пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон варзишгарони мо дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё миёни бузургсолон, наврасону навҷавонон ва устодон, ки рӯзҳои 14-20-уми апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад, иштирок мекунанд. Мо ба ин мусобиқа омодагии хуб мебинем ва мақсад дорем, ки соҳиби ҷоизаҳои зиёд шавем”, – иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи XXIX банулмилалии самбо барои ҷоизаҳои президенти Беларус

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Толобек Бекетов (Русия)

2. Ҳоҷиакбар Раҳимҷонов (Русия)

3. Антон Кубенкевич (Беларус)

3. Павел Литвинов (Беларус)

64 кг

1. Юрий Стерпу (Русия)

2. Темерлан Колиев (Русия)

3. Кайрат Жусуп Уулу (Қирғизистон)

3. Игор Мироевский (Беларус)

71 кг

1. Александр Куликовских (Русия)

2. Игнатий Кожемякин (Русия)

3. Владислав Саяпин (Беларус)

3. Михаил Черний (Русия)

79 кг

1. Андрей Корнеев (Русия)

2. Иля Ломиворотов (Беларус)

3. Максим Романов (Русия)

3. Бахтиёр Баҳромов (Туркманистон)

88 кг

1. Владислав Панов (Русия)

2. Раул Бобоев (Русия)

3. Алексей Будимиров (Русия)

3. Никита Хохлов (Русия)

98 кг

1. Шамил Гаджиев (Русия)

2. Лазар Тскаев (Русия)

3. Александр Горбал (Русия)

3. Максим Мерзляков (Русия)

+98 кг

1. Дмитрий Евсеев (Русия)

2. Владислав Онишенко (Русия)

3. Инал Гаделия (Русия)

3. Аслан Ҷиоев (Русия)

Самбои размӣ

58 кг

1. Евгений Ребиков (Беларус)

2. Ахмет Танрибердиев (Туркманистон)

3. Ғуломшо Давлатназаров (Тоҷикистон)

3. Алехан Айдоғдиев (Туркманистон)

64 кг

1. Богдан Аллабергенов (Русия)

2. Азамат Умаев (Русия)

3. Кирилл Горбунов (Русия)

3. Даниил Караштин (Русия)

71 кг

1. Қодирҷон Ғафуров (Туркманистон)

2. Карим Каримов (Туркманистон)

3. Исо Арслонов (Туркманистон)

3. Егор Горностай (Беларус)

79 кг

1. Эдуард Кутско (Беларус)

2. Оғосафар Муҳадов (Туркманистон)

3. Бегенч Болтаев (Туркманистон)

3. Рим Хазиахметов (Русия)

88 кг

1. Эдуард Муравитский (Беларус)

2. Владислав Багиян (Русия)

3. Роман Манишко (Беларус)

3. Захар Торопов (Беларус)

98 кг

1. Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон)

2. Субҳон Овезгелдиев (Туркманистон)

3. Гордей Захаров (Русия)

3. Борис Булига (Беларус)

+98 кг

1. Савелий Солдатенков (Русия)

2. Роман Дамиев (Беларус)

3. Иля Семёнов (Русия)

3. Алексей Дубовик (Беларус)

XS
SM
MD
LG