Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар Чин


Дастаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар бозиҳо
Дастаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар бозиҳо

Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ, ки рӯзҳои 7-14-уми феврал дар шаҳри Ҳарбини Чин баргузор шуданд, дар ҳисоби медалҳо бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид.

Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ 1275 варзишгар аз 34 кишвар аз рӯи 11 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ (пойга), лижаронии озод, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, сноуборд, ҳоккейи рӯйи ях, шорт-трек - барои 64 маҷмуи ҷоизаҳо мубориза бурданд.

Дар ҳисоби медалҳо Чин бо касби 85 медал (32 тилло, 27 нуқра, 26 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 45 медал (16 тилло, 15 нуқра, 14 биринҷӣ) ҷойи дуюм, Ҷопон бо касби 37 медал (10 тилло, 12 нуқра, 15 биринҷӣ) ҷойи сеюм ва Қазоқистон бо касби 20 медал (4 тилло, 9 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойи чаҳорумро гирифтанд. Узбекистон ва Филиппин бо яктоӣ медали тилло дар панҷгонаи беҳтаринҳо ҷойгир шуданд.

Дарвоқеъ, Узбекистон пас аз 29 сол дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ медали тилло гирифт. Ҷуфти варзишгарон Екатерина Гейниш ва Дмитрий Чигирев дар конкитозии озоди рӯи ях соҳиби нишони тилло шуданд.
Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар - Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ - зери раҳбарии мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев намояндагӣ карданд. Аммо варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом байни мардон ширкат варзида, ноком шуданд.

Аз миёни 58 иштироккунандаи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ варзишгарони тоҷик дар кӯшиши аввал ҷойҳои 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм ҷойҳои 32, 34, 35 ва 37-умро гирифтанд. Дар байни лижаронҳои тоҷик натиҷаҳои Саидашраф Эшонов хубтар аст. Вай дар кӯшиши аввал бо нишондоди 1:00.96 сония ҷойи 36-ум ва дар кӯшиши дуюм бо нишондоди 1:01.95 сония ҷойи 32-юмро соҳиб шуд.

Дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом медали тилло насиби варзишгари ҷопонӣ Такаюки Кояма бо нишондоди 1.28,12 гардид. Медали нуқраро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Чон Дон Ҳён бо нишондоди 1.29,09 соҳиб шуд. Медали биринҷиро Нео Камада аз Ҷопон бо нишондоди 1.29,25 азони худ кард.

Бояд зикр намуд, шумораи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар Чин нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам буд. Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон 137 варзишгар дар 10 намуд, Қирғизистон – 53 варзишгар дар 5 намуд, Узбекистон – 26 варзишгар дар 6 намуд ва Туркманистон – 25 варзишгар дар се намуд дохил буданд.

Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои зимистонаи осиёӣ шомил аст. Бозиҳои X зимистонаи осиёӣ соли 2029 дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон баргузор шуданд, беш аз 1200 варзишгар аз 29 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро чаҳор варзишгар – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург миёни мардон намояндагӣ карда, натавонистанд медал бигиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG