Шарҳи расмии мақомот дар ин бора дастрас нест, вале наздиконаш мегӯянд, Маҳкамова низ аз президент талаби бахшиш карда буд.
Меҳринисо Маҳкамоваи 74-сола, соли 2023 баъди суҳбат бо як сомонаи мухолифон боздошт ва ба 5 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш гуфтааст, мехост арзашро президент Эмомалӣ Раҳмон шунавад ва барои ин расонаи аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломиро интихоб кардааст.
Ду манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Маҳкамова барои озодӣ аз зиндон ба Эмомалӣ Раҳмон нома навишт ва наздиконаш низ умедвор буданд, ки дар қатори дигар маҳбусон ӯро ҳам озод мекунанд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 897 маҳбус, аз ҷумла 87 зан озод шуданд.
"Меҳринисо солхӯрда ва гирифтори бемории саратони сина аст. Соли 2017 дар Маскав ҷарроҳӣ шуд ва як синаашро буриданд. Дар шароити бади маҳбас бемориаш авҷ гирифтааст. Дар утоқи маҳбас ором набуд, фақат бо овози баланд номаи маро президент мебинад, гуфта дод мезад," -- гуфт як маҳбуси собиқ ба Радиои Озодӣ, ки Маҳкамоваро дар маҳбас дидааст.
Ба гуфтаи яке аз дӯстони Меҳринисо Маҳкамова, вай замоне барои мақомот бад шуд, ки мусодираи се манзилашро дар шаҳри Бӯстон ғайриқонунӣ донист ва барои бозгардони онҳо мақомотро номаборон кард. Ин талоши ӯ солҳо давом намуд, вале натиҷае надод. Маҳкамова бовар дошт, ки шикояти ӯ ба президент Раҳмон намерасад ва агар ӯ аз қазия огоҳ мегашт, мушкил ба осонӣ ҳал мешуд.
«Меҳринисо даъво дошт, ки хонаҳои ӯро ғайриқонунӣ дигарон соҳиб шуданд. Даъвои ӯ ба мақомот ва додгоҳ бенатиҷа буд ва Меҳринисо барои онки раиси ҷумҳур аз қазияаш огоҳ шавад ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи «Ислоҳ» видеоӣ суҳбат кардааст. Баъди ин ӯро бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт ва зиндонӣ карданд,» -- гуфт яке аз наздикони Меҳринисо Маҳкамова, ки нахост номаш зикр гардад.
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аризаи Маҳкамоваро нашр кардааст. Мудири «Ислоҳ» мегӯяд, қабл аз нашри ариза дар «Ислоҳ. нет», ба Маҳкамова ҳушдор дод, ки ин кор барояш дар Тоҷикистон дарди сар хоҳад овард, вале Маҳкамова ба талаби худ пойфишорӣ кардааст.
«Меҳринисо Маҳкамова гуфт, ки ба муфаттишони додситонию додгоҳҳо бовар надорад. Дар ин чанд соле ки муроҷиат кардаасту аризаҳо пешниҳод кардааст на ин ки надидаанд, балки боз кӯшиш кардаанд, ки ӯро ба беморхонаи бемориҳои руҳӣ баранду гӯянд, ки ӯ як бемор аст,» -- мегуяд Муҳаммадиқболи Садриддин
Дар як аризаи Маҳкамова ба президенти Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ бо он шинос шуд, омадааст, на додгоҳ ва на додситонӣ ба доди ӯ нарасиданд.
«Азбаски ман зани бародари президенти якуми Тоҷикистон мебошам ва он кас маро духтарам мегуфтанду ҳурмат мекарданд, баъди вайрон шудани Иттиҳоди Шӯравӣ зидди оилаи ман муборизаи ашаддӣ бурда истодаанд,» -- навиштааст Меҳринисо Маҳкамова.
Вокуниши мақомот ба ин даъвои Маҳкамова маълум нест.
Ҳамсари бародари Қаҳҳор Маҳкамов замони Шӯравӣ дар Сарраёсати саноати Вазорати дифоъ кор кардааст.
Қаҳҳор Маҳкамов солҳои 1985–1991 роҳбари Тоҷикистон буд. Маҳкамов соли 1990 дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд ва як сол баъд дар зери фишори эътирозгарон истеъфо дод. Ӯ соли 2016 дар шаҳри Душанбе даргузашт.