Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон бояд аз куҷо нафақа гиранд? Тоҷикистон ё Русия? 


Ҳукумати Тоҷикистон дар як қарораш тартиби нави пардохтҳои муҳоҷиронро барои дар оянда ба даст овардани нафақаи пиронсолӣ муайян кард.

Бар асоси он муҳоҷирон метавонанд, бо супурдани маблағи баробар ба “як нишондиҳанда” заминаи нафақаи синни пирии худро фароҳам оранд. “Як нишондиҳанда” барои ҳисобҳо ҳоло 75 сомонӣ буда, ҳар сол метавонад дигар шавад. Қарори ҳукумат 28 феврали соли равон қабул, вале танҳо акнун расонаӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирон мегӯянд, дар фикри нафақа нестанд. “Ҳамту мераванду меоянд, на фикри нафақа доранд ва на фикри кӯмакпулӣ дорад. Ҳамин рӯзаш шаб шавад, гузарад. Ҳамин солаша равад, як-ду танга гираду биёрад,” гуфт Мустафо, муҳоҷири тоҷик дар Русия. Ҳамтои дигари ӯ, Додхоҳ мегӯяд: “ҳаминрӯзаамонро биёбем, пагоҳамонро фикр надорем, аз паси ҳеҷ чиз намешавем. Худамонро ғам намедиҳем.”

Вале дар байни муҳоҷирон онҳое ҳам ҳастанд, ки воқеиятро дарк мекунанд ва ба фикри он меафтанд, ки пас аз солҳо, вақте пир мешаванд, аз куҷо бояд нафақа гиранд.

Қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, ки охири феврали имсол қабул шудааст, ба чунин муҳоҷирон пешниҳод мекунад, ки ба воситаи замимаи “Андози ман”, ариза пешниҳод кунанд ва ҳар моҳ баробар ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (75 сомонӣ) андоз диҳанд.

Ҳамсуҳбати мо, Мустафо, мегӯяд, давлати Тоҷикистон бояд ба ҳар муҳоҷири меҳнатие, ки синну солаш мерасад, нафақа диҳад, зеро саҳми онҳо дар таъмини буҷаи давлати Тоҷикистон, ободӣ ва бунёдкориҳо зиёд аст ва бояд шинохта шавад.

Вале Каримбой, муҳоҷири дигар, ки 27 соли умрашро дар Русия гузарондааст, мегӯяд, нафақаи Тоҷикистон хеле кам аст ва бисёриҳо талош мекунанд, шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, то аз Русия нафақа гиранд.

“Ними муҳоҷирон, ба фикрам, шаҳрвандӣ гирифтаанд. Онҳо ба нафақаи Тоҷикистон ягон майда фикр ҳам намекунанд. Чунки нафақаи Русия даҳ баробар бештар аст. Агар ними дигари муҳоҷирон бепарво бошанд, шояд 10-15 дарсад дар фикри нафақаи оянда ҳастанд," меафзояд ӯ.

Ҳусейн Ашӯров, хатмкардаи риштаи иқтисод ва молия, муовини раиси “Гуруҳи 24”, як ниҳоди сиёсии мамнӯъ дар Тоҷикистон, мегӯяд, қарори нави ҳукумати Тоҷикистон ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ нишонаи хуб аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба масъалаи таъминоти иҷтимоии муҳоҷирон таваҷҷуҳ мекунанд.

“Муҳоҷирон расман метавонанд нафақаи ояндаи худро таъмин кунанд. Агар система дуруст кор кунад, муҳоҷирон дар пирӣ бе мадад намемонанд. Онҳое ки ихтиёран андоз месупоранд метавонанд ба нафақаи давлатӣ дар Тоҷикистон ҳақдор шаванд,” мегӯяд Ашӯров.

Вале ӯ ба ҷанбаъҳои манфии қарор низ ишора мекунад: Ихтиёрӣ будани пардохт метавонад боиси он гардад, ки муҳоҷирон онро ҷиддӣ нагиранд, зеро ба системаи ҳукумат эътимод надоранд. Шаффофияти идоракунии маблағҳо зери суол мемонад. Ба муҳоҷирон шояд нафақаи ночиз диҳанд, ки барои зиндагии шоиста басанда набошад. Ҳамчунон низоми нафақаи ҳукумат ҳувайдост. Ҳукумат камбуди буҷаи давлатро ба ҳар роҳ мехоҳад аз ҳисоби муҳоҷир пурра кунад. Барои гирифтани нафақа замонат вуҷуд надорад.”

Навор дар Инстаграм:

Тоҷикистон ва Русия дар соли 2022 қарордодеро имзо карда буданд, ки аз рӯи он мебоист ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия нафақа дода мешуд. Ин ҳуҷҷат ҳафт сол мавзӯъи баҳси тарафҳо буд ва Дилмурод Давлатзода, он вақт раиси бунгоҳи нафақаи Тоҷикистон гуфта буд, ки масъала пурра ҳалли худро ёфтааст.

Аммо дар амал чунин нест ва иҷрои пурраи созишнома мушкилот дорад мегӯяд, коршинос Ашӯров. “Зеро талаботи ҳуқуқии Русия барои гирифтани нафақа сахт аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо дар сурати иҷрои чор шарти асосӣ метавонанд нафақа гиранд. Аввалан собиқаи кории расмӣ: камаш 15 сол кори расмӣ дар Русия лозим аст. Дуюм пардохти андози иҷтимоӣ: корфармо бояд андози иҷтимоии муҳоҷиронро пардохт кунад. Аксаран муҳоҷирон ғайрирасмӣ кор мекунанд, бинобар ин аксар вақт андоз пардохт намешавад. Сеюм балҳои суғуртавӣ: системаи нафақавии Русия бар асоси балҳо кор мекунад. Барои соли 2025 ҳадди аққал 30 бал лозим аст, ки муҳоҷирон аксар вақт ҷамъ карда наметавонанд. Чорум барои гирифтани нафақа муҳоҷирон бояд шаҳрвандӣ ва ё иқомати доимӣ дошта бошанд.”

Муҳоҷири тоҷик Мустафо, ки 22 сол боз дар Русия кор мекунад, мегӯяд, ин қарордод дигар амалан вуҷуд надорад ва ба гумони ӯ, Русия онро бесарусадо бекор кардааст:

"То соли 2022 қонун ҳамин буд, ки нафарони нафақахӯре, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт мекарданд, ҳамон ҳуҷҷатҳои нафақахӯр буданашонро аз Тоҷикистон оварда пешниҳод мекарданд ва дар асоси ҳамон аз Русия нафақа дарёфт мекарданд. Аз охирҳои соли 2022 қонун бекор карда шуд. Ҳар шаҳрванди хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро мегирад, ҳарчанд синну солаш ба нафақа ҳам расида бошад, танҳо дар ҳолате нафақа дарёфт карда метавонад, ки ду сол дар Русия расман кор намояд ва ба фонди нафақа маблағ пардохт кунад.”

Коршиноси масъалаҳои иқтисоду молия ва муҳоҷират Ҳусейн Ашӯров мегӯяд, намешавад дарк кард, ки чаро на Русия ва на Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷаҳонии пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ истифода намекунанд.

“Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ се намуди системаи нафақа вуҷуд дорад. Аввалан, системаи ҳамгарошуда. Иттиҳоди Аврупо, Канада, ИМА. Муҳоҷирон дар ин кишварҳо нафақа мегиранд, агар андоз супоранду собиқаи кории кофӣ дошта бошанд. Масалан дар Олмон 5 сол кор кардан кофӣ аст, ки муҳоҷир ҳадди аққал нафақаи камтарин гирад. Дуюм, системаи дуҷониба. Русия - Тоҷикистон, Русия – Узбекистон. Дар созишномаҳои дуҷониба муҳоҷирон метавонанд собиқаи кории худро аз ду кишвар якҷо ҳисоб кунанд. Бо вуҷуди созишномаи соли 2022 муҳоҷирон ҳоло ҳам мушкил доранд. Сеюм, системаи пардохтии ихтиёрӣ. Монанди Туркия ва Қазоқистон. Муҳоҷир метавонад ихтиёрӣ ба фонди нафақавӣ маблағ супорад, то дар пиронсолӣ нафақа гирад. Туркия таҷрибаи беҳтар дорад, зеро муҳоҷирон ҳаққи нафақаро бо кафолати қонунии давлатӣ мегиранд.”

Бино бар омори расмӣ шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон ҳоло наздик ба 837 ҳазор нафар буда, нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ қариб 500 сомонӣ ($45) мебошад. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо, зиёда аз 1 миллион сокини Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG