Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқаи анъанавӣ 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2025” шаш варзишгар дохиланд: Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг).
Гуштигирони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқа – 15-уми феврал – ба сабқат шуруъ карданд. Абубакр Шерови 21-сола дар вазни то 73 кило дар даври аввал намояндаи Хорватия Роберт Клакар, дар даври дуюм Бае Донғюнро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал Рюга Танакаи ҷопониро мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Аммо Шеров дар даври ниманиҳоӣ аз Рашид Маммадалиеви озарӣ ноком шуда, барои нишони биринҷӣ Георгий Чихелидзеи гурҷиро шикаст дод.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Шамил Дзавбатиров аз Олмон, дар даври дуюм бар Бернд Фасчинг аз Австрия ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷумъабек Меиржано аз Қазоқистон дастболо шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар нимфинал аз Зелим Тскаеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд. Маҳмадбеков барои нишони биринҷӣ аз Егор Сухопаров, намояндаи дастаи бетараф (IJF), дар замони изофа бо се “шидо” мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.
Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Тимо Кавелиусро аз Олмон ва дар даври сеюм Сулаймон Шукуровро аз Озарбойҷон шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Хоҷазода дар чаҳорякфинал аз Аскербӣ Гербеков аз Баҳрайн мағлуб гашт. Беҳрӯз дар даври тасаллобахш аз Егор Сухопарови русиягӣ ноком шуда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Дарвоқеъ, Беҳрӯзи Хоҷазода, ки қаблан дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, бори аввал дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуд.
Рақиби паҳлавони 18-солаи тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило дар даври аввал Георгий Чихелидзеи 24-сола аз Гурҷистон буд. Муборизаи сахту тӯлонӣ бо пирӯзии паҳлавони пуртаҷрибаи гурҷӣ, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Порис-2024, хотима ёфт.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон дар рӯзи охирини мусобиқа – 16-уми феврал – дар вазни то 100 кило ба рақобат мепардозанд. Кароматулло Ҳакимови 31-сола дар даври аввал бо Ислом Бозбоеви 33-сола аз Қазоқистон ва Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола дар даври аввал бо Кристиан Тоти 30-сола аз Маҷористон (Венгрия) вориди рақобат мешаванд.
Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (6 тило, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ҷойи сеюмро ишғол кардаанд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи 10-ум ҷойгир шудааст.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило соли 2021 медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст. Аммо варзишгарони тоҷик соли 2023 дар мусобиқаи «Heydar Aliyev Baku Grand Slam» бе медал монданд.
Соли гузашта бошад, дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2024» аз 12 паҳлавони тоҷик танҳо Абубакр Шеров медал гирифт. Вай дар вазни то 73 кило дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ҳайдарови 27-сола, ки қаҳрамони Олимпиадаи Порис мебошад, ин дафъа дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок дорад.
Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи аввали мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025”:
Мардон
-60 кг
1. Рюҷу НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Таики НИКАМУРА (Ҷопон)
3. Ҷоре ВЕРСТАПЕН (Белгия)
3. Аҳмад ЮСУПОВ (Озарбойҷон)
-66 кг
1. Такеши ТАКЕНОКА (Ҷопон)
2. Рюома ТАКАНАКА (Ҷопон)
3. Иван ЧЕРНИХ (IJF)
3. Елшан АСАДОВ (Озарбойҷон)
-73 кг
1. Татсуки ИШИҲАРА (Ҷопон)
2. Рашид МАММАДАЛИЕВ (Озарбойҷон)
3. Абубакр ШЕРОВ (Тоҷикистон)
3. Вусал ҚАЛАНДАРЗОДА (Озарбойҷон)
-81 кг
1. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон)
2. Франсис ГОТЙЕ ДЮПРЕ (Канада)
3. Егор СУХОПАРОВ (IJF)
3. Аскербий ГЕРБЕКОВ (Баҳрайн)
Занон
-48 кг
1. Натсуми ТСУНОДА (Ҷопон)
2. Тара БАБУЛФАТ (Шведсия)
3. Ева ПЕРЕЗ СОЛЕР (Испания)
3. Андреа СТОЯДИНОВ (Сербия)
-52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Маша БАЛЛХАУС (Олмон)
3. Суреон ҲВАНГ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Аюми ЛЕИВА САНЧЕЗ (Испания)
-57 кг
1. Момо ТАМАОКИ (Ҷопон)
2. УЮМИ ТАКАНО (Ҷопон)
3. Марика ПЕРИСИЧ (Сербия)
3. Сеия БАЛЛХАУС (Олмон)
-63 кг
1. Ҷесика КЛИМКАТ (Канада)
2. Минами АОНО (Ҷопон)
3. Наталя КРОПСКА (Полша)
3. Любяна ПИОВЕСАНА (Австрия)
-70 кг
1. Сжофи ОЗБАС (Венгрия)
2. Серафима МОСКАЛУ (Руминия)
3. Шиҳо ТАНАКА (Ҷопон)
3. Лария СВЕТКО (Хорватия)