Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Африқо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар се мусобиқаи бозии ҷудо дар Тунис миёни наврасон, навҷавонон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 13-16-уми феврал баргузор шуд, чаҳор медал (1 тило ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали тилоро паҳлавони тоҷик Магомед Фармонбеков дар мусобиқаи “Tunis Junior African Open 2025” дар вазни то 66 кило соҳиб шуд. Ин паҳлавони 16-солаи тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Аюб Бенларибии 19-сола аз Алҷазоир ғолиб омад.

Вай дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Анис Саудии 19-сола аз Алҷазоир ғалаба кард. Фармонбеков дар даври ниманиҳоӣ Анисс Иҷиуии марокаширо мағлуб намуда, ба финал баромад. Дар даври ниҳоӣ бар Уссама Абдулҳақ Ҳезили алҷазоирӣ пирӯз шуда, бо нишони тилло сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи “Tunis Junior African Open 2025” Ворис Назарови 19-сола дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ гирифт. Ӯ дар даври аввал ҳамсолаш Маҳдӣ Бен Насибро аз Тунис, дар даври дуюм Илёс Якобси 18-соларо аз Марокаш мағлуб сохта, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Аммо Ворис дар чорякфинал аз Имад Меҳибели 18-солаи алҷазоирӣ шикаст хӯрд. Намояндаи Тоҷикистон дар даври тасаллобахш бар Бен Муреи 19-сола аз Британияи Кабир ғолиб шуда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Амине Секкал аз Алҷазоир дастболо гардид.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), мусобиқаи наврасон бо иштироки 130 варзишгар (84 писар ва 46 духтар) аз 19 кишвари чаҳор қора сурат гирифт.

Дар мусобиқаи наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тунис бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Алҷазоир бо касби 12 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Эрон бо касби 3 медал (2 тилло, 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали тилло ва як биринҷӣ дар зинаи 8-ум ҷойгир шуд.

Дар мусобиқаи “Tunis Cadet African Open 2025” гуштигири тоҷик - Рошид Неъматов дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ гирифт.

Дар ин мусобиқа 100 варзишгар (59 писар ва 41 духтар) аз 12 кишвари се қора иштирок дошт. Дар мусобиқаи наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тунис бо касби 28 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар зинаи 10-ум ҷойгир шуд.

Рӯзҳои 15-16-уми феврал дар “Tunis African Open 2025” ҷавонон нерӯсанҷӣ карданд. Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 198 варзишгар (118 писар ва 80 духтар) аз 19 кишвари чаҳор қора доир шуд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз шаш нафар иборат буд: Магомед Фармонбеков (-66 кг), Муҳаммадин Лоиқов (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-81 кг), Абдулаҳад Маҷидов (-90 кг), Сайфиддин Боймирзоев (-90 кг) ва Мизробшоҳ Лоиқов (-90 кг).

Аз байни онҳо танҳо Илҳомиддин Ҷабборов медал гирифт. Ин паҳлавони 21-солаи тоҷик, ки дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Гил Агустини 24-сола аз Аргентина дастболо шуд. Дар даври сеюм Ҳлеб Хаткоускии 21-соларо аз тими бетараф (IJF) шикаст дода, ба нимфинал баромад. Аммо дар даври ниманиҳоӣ аз Илёс Парҳезгари 20-солаи эронӣ шикаст хӯрд. Ҷабборов барои медали биринҷӣ бар Давид Поповикии 22-сола аз Канада пирӯз шуд.

Дар мусобиқаи ҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Алҷазоир бо касби 12 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 4 медал (2 тилло, 2 нуқра) ҷойи дуюм ва мунтахаби Эрон бо касби 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар зинаи 10-ум ҷойгир шуд.

XS
SM
MD
LG