Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои нав барои ронандагон. Оё дар Тоҷикистон ҳам зарур аст?


Дар Қирғизистон барои ронандагон ҷазои нав пешбинӣ кардаанд. Бар асоси дастури раиси ҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов, сар аз моҳи сентябри имсол нозирон ҳақ доранд, ронандаи қонуншиканро боздошт ва аз ӯ дар бораи қоидаҳои роҳ имтиҳон гиранд.

Агар ронанда ба суоли нозирон посухи дуруст надиҳад, шаҳодатномааш бекор ва барои дубора имтиҳон супоридан ба идораи бозрасии автомобилӣ фиристода мешавад. Ронандагон аз ин қарор норозӣ ҳастанд, коршиносон мегӯянд, роҳ барои ришвахории нозирон васеътар мешавад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, қариб 70 дарсади ронандагон дар ин кишвар қоидаҳои роҳро намедонанд ё онро хуб азбар накардаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки ронандагони тоҷик то куҷо қоидаҳои роҳро медонанд? Оё зарурати ҷорӣ кардани таҷрибаи Қирғизистон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:

  • Агар ронанда қоидаи роҳро надонанд, бояд нагузоранд, ки мошин ронад. Ронанда бояд қоидаро донад, то ба рӯйи одамон мошин наронад. Баъд садама камтар мешавад.
  • Бештари ронандаҳо қоидаи роҳро намедонанд, чун пурра хондагӣ нестанд.
  • Агар қоидаи роҳро надонӣ, бигзор ҷарима кунанд. Қоидаи роҳ надонистан ба садама оварда мерасонад.
  • Ман розӣ нестам, ки барои надонистани қоидаи роҳ ҷарима кунанд.
  • Ин тартиб шояд хуб бошад, вале оқибатҳои бад оварданаш мумкин аст. Азҷумла пулгирӣ, яъне фасод шуданаш мумкин.
  • Ман агар нозири роҳ бошам ва вақте бинам, ки ронанда қоидаи роҳро вайрон мекунанд, метавонам аз ӯ имтиҳон гирам. Агар қоидаи роҳро тамоман надонад, метавонам ӯро ҷарима бандам.


Видеоро дар инҷо бинед:

Ҷазои нав барои ронандагон дар Қирғизистон. Назари сокинони Душанбе чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
XS
SM
MD
LG