Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқаи анъанавӣ 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2025” шаш варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг) - дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд.
Дарвоқеъ, Беҳрӯзи Хоҷазода, ки қаблан дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, ҳамакнун дар вазни то 81 кило вориди рақобат хоҳад шуд.
Дар мавсими имсола ин аввалин мусобиқаи байнулмилалист, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат меварзанд.
Гуштигирони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқа – 15-уми феврал – ба сабқат шуруъ мекунанд. Абубакр Шерови 21-сола дар вазни то 73 кило дар даври аввали мусобиқа бо Роберт Клакари 25-сола аз Хорватия вориди рақобат мешавад. Рақиби Муҳиддин Асадуллоеви 18-сола дар вазни то 73 кило дар даври аввал Георгий Чихелидзеи 24-сола аз Гурҷистон аст.
Сомон Маҳмадбекови 25-сола дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Шамил Дзавбатирови 27-сола аз Олмон қувва меозмояд. Беҳрӯзи Хоҷазодаи 30-сола дар вазни то 81 кило аввалин рақобаташро дар даври дуюм бо Тимо Кавелиуси 28-сола аз Олмон доир хоҳад кард.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон дар рӯзи охирини мусобиқа – 16-уми феврал – дар вазни то 100 кило ба рақобат мепардозанд. Кароматулло Ҳакимови 31-сола дар даври аввал бо Ислом Бозбоеви 33-сола аз Қазоқистон ва Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола дар даври аввал бо Кристиан Тоти 30-сола аз Маҷористон (Венгрия) вориди рақобат мешаванд.
Барномаи мусобиқа:
14-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
15-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
16-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида хоҳанд шуд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило соли 2021 медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст. Аммо варзишгарони тоҷик соли 2023 дар мусобиқаи «Heydar Aliyev Baku Grand Slam» бе медал монданд.
Соли гузашта бошад, дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2024» аз 12 паҳлавони тоҷик танҳо Абубакр Шеров медал гирифт. Вай дар вазни то 73 кило дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ҳайдарови 27-сола, ки қаҳрамони Олимпиадаи Порис мебошад, ин дафъа дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку иштирок намекунад.