Давоми шаш рӯзи охир 6700 муҳоҷири афғон, ба шумули 944 хонавода, аз Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд.
Рӯзномаи покистонии Express Tribune рӯзи 6-уми апрел ба нақл аз мақомоти он кишвар гузориш дод, ки муҳоҷирони афғон пас аз интиқол ба як урдугоҳи муваққатӣ дар минтақаи Латдикӯтал дар марзи Покистон ва Афғонистон ба зодгоҳашон фиристода мешаванд.
Дар идома омадааст, ки бар илова дар ин муддат 353 муҳоҷири афғон, ки ҳуҷҷати иқомат дар Покистонро надоштанд, боздошт шуданд ва зери назорат қарор доранд.
Ба нақл аз ин рӯзнома, бисёре аз дӯконҳо ва ниҳодҳои вобаста ба афғонҳо, ба вижа дар минтақаҳои тиҷоратии шаҳри Пешовар, пас аз Иди Фитр баста мондаанд.
Express Tribune афзудааст, ҳукумати Покистон ният дорад, ки амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунии афғонро пас аз 11-уми апрел сахттар кунад. Шуморе аз афғонҳои сокини Покистон мегӯянд, амалиёти пулис ниҳоят сахттар шудааст.
Мӯсо Хон, як шаҳрванди Афғонистон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "ман дар яке аз минтақаҳои атрофи Исломобод зиндагӣ мекунам. Дар истгоҳи ин минтақа амалиёти пулис ҷараён дорад. Вақте бо шумо суҳбат мекардам, ба ҳамин хотир телефони ман қатъ шуд. Ҳамин ҳоло ҳам дар минтақае, ки мо зиндагӣ мекунем, дар назди хонаи мо амалиёти пулис идома дорад".
Ҳамчунин, Абдуллоҳ Хон, як муҳоҷири дигар дар шаҳри Исломобод мегӯяд, "онҳо, ки афродро боздошт мекунанд, ба милисахона мефиристанд. Дар онҷо, ки панҷ ё даҳ нафарро ҷамъ карданд, сипас ба як урдугоҳ дар Пешовар мефиристанд. Дар онҷо на хӯрок аст ва на ҷое барои хобидан ва ҳама бо беэҳтиромӣ рӯбарӯ ҳастанд".
Дар айни ҳол, Манижа Кокар, вакили дифои зиндониёни афғон дар шаҳри Карочӣ ва Саид Зубайршоҳ Оғо, сиёсатмадори покистонӣ ва узви Ҳизби мардумӣ-миллии ин кишвар наворҳоеро дар шабакаи Х аз боздошти шумори зиёде аз кӯдакони афғон нашр карданд. Дар он як мард ба намояндагӣ аз онҳо мегӯяд, аз шаби пеш, ки ба онҷо оварда шуданд, барояшон обу хӯрок дода нашудааст.
Ҳамчунин Кумитаи иқдоми муштарак барои муҳоҷирон, дар Покистон гуфтааст, ки муҳоҷирони афғон бинобар тарс аз боздошт наметавонанд аз хонаҳояшон берун шаванд ва маводи хӯроквории хонаводаҳо дар ҳоли тамом шудан аст.
Ин кумита, ки аз шаҳрвандони Покистон иборат аст, дар шабакаи Х навишт, ки кӯдакон ва волидон ба таври ҳадафманд аз ҳам ҷудо карда мешаванд ва таъкид кардааст, ки бояд рӯуйхати афроди боздоштшуда фароҳам шавад, то аъзои хонавода битавонанд якдигарро бубинанд.
Пеш аз ин шуморе аз муҳоҷирони ихроҷшуда гуфтанд, ки хонаводаҳояшон ронда шудаанд ва ба онҳо иҷозат дода нашудааст, то дороиҳояшонро бо худ интиқол диҳанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои вобаста ба муҳоҷират хоҳони бархӯрди инсонӣ бо муҳоҷирони афғон ҳастанд. Бо ин вуҷуд, мақомоти покистонӣ таъкид доранд, ки ин иқдом бахше аз сиёсати миллии амният ва назорати муҳоҷират аст.
Ҳукумати Покистон дар моҳи январи имсол 31-уми мартро охирин мӯҳлат барои тарки он кишвар ба муҳоҷирони дорои корти "АСС" ва афроди беҳуҷҷат, таъйин карда буд.
Гуфтугӯ