Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Узбекистон дар мусобиқаи футзал дар Душанбе  


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи  қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе ҷараён дорад, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд.

Бозии даври чаҳоруми мусобиқа миёни занони футзалбози тоҷику узбек 14-уми феврал доир гардид. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 3:1 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Мунтахаби Узбекистон дар нимаи дуюми бозӣ боз панҷ гол ба самар расонд. Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Эрон ба дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.
Дар чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни занон дар Душанбе дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд. Мусобиқа, ки аз рӯйи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад, рӯзи якшанбеи 16-уми феврал ба поён мерасад.
Ёдовар мешавем, аввалин бозии мусобиқаи имсола миёни дастаҳои мунтахаби занонаи футзали Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расида буд. Дар бозии дигари даври якум тими миллии Эрон дастаи мунтахаби Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод. Дар даври дуюми мусобиқа Узбекистон ба Туркманистон бо ҳисоби 6:3 ва Қирғизистон ба Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Дар даври сеюм Эрон ба дарвозаи қирғизҳо 10 голи беҷавоб зад ва Тоҷикистон бозиро ба Туркманистон бо ҳисоби 0:1 бохт.
Пас аз натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа Эрон бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Узбекистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Туркманистону Қирғизистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд. Тоҷикистон бидуни имтиёз дар ҷойи панҷум қарор дорад.
Дар даври панҷуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 16-уми феврал Қирғизистон бо Узбекистон ва Тоҷикистон бо Эрон рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби футзали занона

Иштироккунандагон:
Қирғизистон
Тоҷикистон
Туркманистон
Узбекистон
Эрон

Даври якум
9-уми феврал (якшанбе)
Туркманистон – Қирғизистон – 1:1
Узбекистон – Эрон – 0:9

Даври дуюм
10-уми феврал (душанбе)
Туркманистон – Узбекистон – 3:6
Қирғизистон – Тоҷикистон – 3:0

Даври сеюм
12-уми феврал (чоршанбе)
Эрон – Қирғизистон – 10:0
Тоҷикистон – Туркманистон – 0:1

Даври чаҳорум
14-уми феврал (ҷумъа)
Эрон – Туркманистон - 5:1
Узбекистон – Тоҷикистон – 8:1

Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1 Эрон 3 3 0 0 24-1 9
2 Узбекистон 3 2 0 1 14-13 6
3 Туркманистон 4 1 1 2 6-12 4
4 Қирғизистон 3 1 1 1 4-11 4
5 Тоҷикистон 3 0 0 3 1-12 0

Даври панҷум
16-уми феврал (якшанбе)
16:00 – Қирғизистон - Узбекистон
19:00 – Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG