Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2025” то ҳоло 242 варзишгар (115 мард ва 127 зан) аз 24 кишвари чаҳор қора номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Умар Шеров (ҳарду -66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду -73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (ҳарду -81 кг), Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду -90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду -100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар сабқати занон бошад, аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
28-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
1-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
2-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби мунтахаби Тоҷикистон дар “Tashkent Grand Slam 2024” соҳиби як медали тило гардида буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст овард. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик баъди се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Олмон, Венесуэла ва Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Эмомалӣ дар нимфинал ба намояндаи дастаи бетараф (AIN) Яго Абуладзе дастболо шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ ба намояндаи Исроил Баруч Шмайлов ғалаба кард. Зимнан, ин дувумин медали тилои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор мерафт. Медали аввалини тилоро низ ӯ соли 2023 дар Тошканд гирифта буд.