Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Индонезия, Урдун, Мянмар, Тайланд, Узбекистон ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 33 тими миллии занона ширкат меварзад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил меёбад: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳи дигар аз чаҳордастаӣ иборат хоҳанд буд.
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми март дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобӣ маълум мегарданд.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ омодагӣ мебинад.
Занони футболбози тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Ҷидда бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом доданд. Ҳарду бозӣ дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) – 23-юм ва 26-уми феврал - дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити» доир гардид.
Дар бозии аввал мизбонон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Бозии дуюм низ бо ғалабаи занони футболбози Саудӣ бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт.