Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон кӣ пешсаф аст?


Дар даври шонздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду дидор меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 13:0 шикаст дод. «Амонатбонк»-и Душанбе дар майдони худ аз “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:4 мағлуб гашт. “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бар дастаи меҳмон - “Сомон”-и Душанбе - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Регар»-и Турсунзода дар майдони худ “Пойтахт”-и Душанберо бо ҳисоби 6:4 мағлуб сохт. «Соро компания»-и Душанбе аз бозии даври шонздаҳум озод буд.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти шонздаҳ даври мусобиқа “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 39 имтиёз дар ҷадвал мисли пешин дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 32 имтиёз ба зинаи дуюм баромад, “Амонатбонк” бо 30 имтиёз ба зинаи сеюм фуромад.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста ҷараён дорад.

Даври ҳабдаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 1-2-юми март баргузор мешавад. Рӯзи шанбе “Истиқлол” бо “Истаравшан ва “Сипар” бо “Хуҷанд” рақобат мекунанд. Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи якшанбе байни дастаҳои “Пойтахт” - “Амонатбонк” ва “Соро компания” – “Регар” доир хоҳад шуд.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:

Натоиҷи бозиҳои даври 16-ум:

“Хуҷанд” – “Истиқлол” – 0:13

“Истаравшан” - “Сомон” - 3:2

“Регар” - “Пойтахт” – 6:4

“Амонатбонк” – Сипар” – 3:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

14

13

0

1

74-24

39

2

«Истиқлол» (Душанбе)

14

10

2

2

75-20

32

3

«Амонатбонк» (Душанбе)

14

10

0

4

76-45

30

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

14

9

2

3

93-37

29

5

«Сипар» (Хуҷанд)

14

7

2

5

78-37

23

6

«Сомон» (Душанбе)

15

5

3

7

57-53

18

7

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

14

3

0

11

32-125

9

8

“Регар” (Турсунзода)

15

2

0

13

31-99

6

9

“Пойтахт” (Душанбе)

14

0

1

13

16-92

1

Даври 17-ум

1-уми март (шанбе)

“Истиқлол” – “Истаравшан”

“Сипар” – “Хуҷанд

2-юми март (якшанбе)

“Пойтахт” – “Амонатбонк”

“Соро компания” – “Регар”

XS
SM
MD
LG