Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 7 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳиндустон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куреси қазоқӣ байни бузургсолон, ки рӯзҳои 26-27-уми феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштироки ҳудуди 200 варзишгар аз беш аз 20 кишвар дар назар аст. Дар мусобиқаи дурӯза гуштигирон (мардон ва занон) дар 16 вазн рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳафт варзишгар дохиланд: Сомон Аламов (дар вазни 60 кило), Сарвар Абдушукуров (66 кг), Наврӯзи Каримзод (74 кг), Ҳайдар Саидкабирзода (82 кг), Ҳақназар Назаров (90 кг), Саидҷамол Алимардонов (100 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (+100 кг).

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куреси қазоқӣ, ки моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, доир гардид, Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар вазни то 82 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии куреси қазоқӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Уштобе (Сетеппа)-и Қазоқистон баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки таҳти сарпарастии Федератсияи ҷаҳонии куштӣ доир гардид, паҳлавонон аз 20 кишвари олам дар вазнҳои мухталиф рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил буд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд. Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 82 кило медали нуқра ба даст овард. Валимуҳаммад Боқиев дар вазни то 80 кило ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 100 кило бо нишонҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ («World Combat Games 2023»), ки моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, дар мусобиқаи куреси қазоқӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтанд. Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 85 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Боқӣ Валимуҳаммад дар вазни то 65 кило ва Наврӯзи Каримзод дар вазни то 75 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Курес куштии миллӣ ва яке аз намудҳои қадимаи қазоқҳо ба шумор меравад. Дар Қазоқистони муосир ин намуди якҳарба маъруфияти беандоза касб кардааст ва мусобиқот дар рӯзҳои ид ва тантанаҳо баргузор мегардад.

Куреси қазокӣ аз лиҳози техникӣ ба куштии кураш ё камарбандии тоҷикӣ монанд аст. Бархе аз усулҳои курес ба куштии самбо дохил шудааст.

Зимнан, соли 2016 ЮНЕСКО бо зикри таъсири таҳкими муносибатҳои байни ҷомеа бар асоси принсипҳои таҳаммулпазирӣ, некхоҳӣ ва ҳамбастагӣ, куреси қазоқиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

XS
SM
MD
LG