Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бори ҳафтум барандаи Ҷоми ФФТ шуд


Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА рӯзи шанбеи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.
Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА рӯзи шанбеи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард. 

Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА рӯзи шанбеи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ҳарду голро дар нимаи аввали бозӣ нимҳимоятгар Денис Беганович, легионери “Истиқлол” аз Босния ва Ҳерсеговина, дар дақиқаҳои 20-ум ва 45+1 ба самар расонд. Вай голи аввалро бо зарбаи сахт берун аз ҷаримагоҳ ва голи дуюмро аз масофаи наздик зад.

Пеш аз финали Ҷоми ФФТ 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Сомон”-и Данғара барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Дар ин дидор дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, нахуст доварони бозии ниҳоӣ бо сарварии Бахтиёр Комилов бо ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон сарфароз шуданд. Сипас ба Денис Беганович, ки беҳтарин бозигари финали Ҷоми ФФТ-2025 дониста шуд, ҷоизаи вижа тақдим гардид.

Маблағи ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2025 дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд. Ба дастаи ғолиб – “Истиқлол” – Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Клуби марказии варзишии артиш бо медалҳои нуқра ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва дастаи “Панҷшер” бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҷоми ФФТ-2025

22-юми феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм
“Панҷшер” - “Сомон” – 3:0
Голҳо: Абдураҳимов, 9, 49, Эшматов, 36.

Финал
“Истиқлол” - КМВА – 2:0
Голҳо: Денис Беганович, 20, 45+1.

Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори чордаҳум сурат гирифт. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2025):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG