Дар ин мусобиқа беш аз 400 варзишгар (мардон ва занон) аз манотиқи мухталифи кишвар иштирок карданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон аз рӯи 12 вазн (7 вазн байни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифт.
Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кило Сомон Аламов дар финал ба Искандар Муҳаммадхоҷазода дастболо шуд. Аҳмад Рустамов ва Ҷӯрахон Амрохонзода соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд.
Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кило дар финал ба Муслимбек Каримов ғалаба кард. Сарвар Абдушукуров ва Абумуслим Қаюмзода ба гирифтани ҷойҳои сеюм даст ёфтанд.
Дилшод Исоқов дар финали вазни то 71 кило Муҳаммадисо Раҷабовро шикаст дод. Алиҷон Боқиев ва Муҳаммадмӯсо Одиназода ҷойҳои сеюмро азони худ карданд.
Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар финали вазни то 78 кило Шукрон Қоимовро мағлуб кард. Сайраҳмон Қодиров ва Абубакр Боқиев ба гирифтани ҷойҳои сеюм мушарраф шуданд.
Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кило бар Ҳамроз Раҷабов ғолиб омад. Муҳаммадиқбол Тошев ва Мусохон Ғаниев соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.
Исроил Раҳимов дар финали вазни то 95 кило Улуғбек Раҳимовро ноком кард. Муҷиб Меҳробҷонзода ва Раҷабалӣ Маҳмадиев ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.
Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95 кило Шакармамад Мирмамадовро дар финал шикаст дод. Дадахон Қурбоналиев ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода ҷойҳои сеюмро гирифтанд.
Миёни бонувон дар вазни то 52 кило Фотима Исамбоева ғолиб шуд. Вай дар финал Рӯзафсун Бекназароваро шикаст дод. Қурбонгул Ҳалимова ҷойи сеюмро азони худ кард.
Аҳлия Муъминова дар вазни то 57 кило дар финал Яздона Содиқоваро мағлуб кард. Шарофат Атоева соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Ҷонона Назарова дар финали вазни то 70 кило ба Шоҳида Қаландарова дастболо шуд. Ҷойҳои сеюм насиби Фазилат Гулбоева ва Моҳира Сафарова шуд.
Оминаи Хайрулло дар финали вазни то 78 кило Гулафзо Гуловаро ноком кард. Ҷойи сеюмро Меҳрона Сабззода ишғол намуд.
Сабринаи Хайрулло дар вазни ҷамъи 78 кило ҷойи дуюм ва Зеварой Сармисова ҷойи дуюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳар як вазн мувофиқи ҷойҳои соҳиб шудаашон диплому медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштингирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд.
Варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки моҳи августи соли гузашта дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид, 11 медал (5 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб карданд.