Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи сездаҳуми "Соро компания" дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон


ajikistan,Dushanbe city, Soro oil futsal team.
ajikistan,Dushanbe city, Soro oil futsal team.

Дар се бозии даври понздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон мизбонон ва дар як дидор меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар чаҳор бозӣ ҳамагӣ 38 гол зада шуд.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста ҷараён дорад.

Дар даври понздаҳум тими «Соро компания»-и Душанбе, ки тими “Пойтахт”-ро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод, ғалабаи сездаҳумашро дар мусобиқаи имсолаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон ба даст овард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Амонатбонк»-и Душанбе бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард. Тими “Сомон”-и Душанбе дастаи меҳмон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 9:2 мағлуб сохт. Дастаи «Регар»-и Турсунзода дар меҳмонӣ аз тими “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд.

Пас аз ҷамъбасти понздаҳ даври мусобиқа дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 39 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Тими “Амонатбонк”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 30 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Дастаи “Истиқлол” низ як бозӣ камтар анҷом дода, бо 29 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.

Даври шонздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 21-уми феврал бо бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” шуруъ мешавад. Рӯзи шанбеи 22-юми феврал “Истаравшан бо “Сомон” рақобат мекунад. Ду бозии охирини даври навбатӣ рӯзи якшанбеи 23-юми феврал байни тимҳои “Регар” - “Пойтахт” ва “Амонатбонк” - “Сипар” доир хоҳад шуд.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:

Даври 15-ум

15-уми феврал (шанбе)

“Сомон“ - “Хуҷанд” -9:2

“Истиқлол” - “Амонатбонк” – 5:3

16-уми феврал (якшанбе)

“Пойтахт” - “Соро компания” – 0:10

“Сипар” - “Регар” - 8:1

Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

14

13

0

1

74-24

39

2

«Амонатбонк» (Душанбе)

13

10

0

3

73-41

30

3

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

62-20

29

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

8

2

3

90-35

26

5

«Сипар» (Хуҷанд)

13

6

2

5

74-34

20

6

«Сомон» (Душанбе)

14

5

3

6

55-50

18

7

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

13

3

0

10

32-112

9

8

“Регар” (Турсунзода)

14

1

0

13

25-95

3

9

“Пойтахт” (Душанбе)

13

0

1

12

12-86

1

Даври 16-ум

21-уми феврал (ҷумъа)

15:00 “Хуҷанд” – “Истиқлол”

22-юми феврал (шанбе)

16:00 “Истаравшан” - “Сомон”

23-юми феврал (якшанбе)

16:00 “Регар” - “Пойтахт”

18:00 “Амонатбонк” – Сипар”

XS
SM
MD
LG