Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони футболбози тоҷик аз тими Саудӣ шикаст хӯрданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷидда дар бозии дӯстона аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни занони футболбози Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар рӯзи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) – 23-юми феврал - дар Ҷидда, дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити», доир гардид.

Тими миллии занонаи Тоҷикистон, ки 21-уми феврал ба Арабистони Саудӣ барои доир кардани ҷамъомади таълимиву тамринӣ рафта буд, дар Ҷидда бо мизбонон боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бозии дуюми дӯстонаи занони футболбози тоҷик бо мунтахаби Арабистони Саудӣ рӯзи чоршанбеи 26-уми феврал дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити» баргузор шуда, соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 21:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23-юми июн то 5-уми июли имсол баргузор мешавад, иштирок мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 27-уми март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG