Пешниҳоди Доналд Трамп, президенти Амрико барои таҳти назорат гирифтани навори Ғазза ва ихроҷи фаластиниҳо интиқоди густардаро дар гушаҳои ҷаҳон ба бор овард.
Ду тан аз маҳбусони кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор мешуданд, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.
Рӯзи шанбе, 9-уми феврал қарор аст маросими хоксупории Карим Шоҳзода Оқохони 4 дар Миср баргузор шавад.
Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА аз ширкат дар нишасти "Гурӯҳи 20", ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, худдорӣ кардааст.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Дар Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохони чорумро бештар бо корҳое ёд карданд, ки давоми беш аз сӣ сол созмони зери назари ӯ дар ин кишвар анҷом дода буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал як қатор чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва як бонуи рӯзноманигорро ба “қасди табаддулоти давлатӣ” айбдор донист ва аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Ин дар ҳолест, ки онҳо худро бегуноҳ медонанд ва хостори озодӣ шудаанд.
Камбуди маълумоти дақиқ сабаби шубҳаву гумонҳо шудааст ва онҳо яке пайи дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аз "ташкилӣ" будани ин ҳодиса то тахминҳое, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар бораи ба 8 сол зиндон маҳкум шуданаш, боздошт шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.
Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Наздик ба 30 муҳоҷири тоҷик пас аз ду шабонарӯзи тафтиш ва интизорӣ дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Онҳо рӯзи 31-уми январ бо ҳавопаймо аз Кӯлоб ба пойтахти Русия расиданд, вале аз фурудгоҳ берун рафта натавонистанд.
Ёфтҳои бештар