Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи охирини таъини хати марзро имзо кардаанд ва акнун ин санад бояд ба президентҳои ду кишвар пешниҳод шавад.
Низоми биллингии пардохти пули барқ, ки дар Тоҷикистон бо ҳадафи беҳтар кардани таъмини мардум бо нерӯ ба роҳ монда шудааст бо танқидҳо рӯбарӯ гашт.
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли 2024 вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон “рӯ ба беҳбудӣ” ниҳод. Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар кишварро бепоя хонд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, баъд аз махфӣ эълон шудани пулашон, шумораи худи муҳоҷирон низ ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирон ҳамасола эълон мешуд, ҳарчанд бисёриҳо онро камшуда медонистанд.
Таҳқиқ нишон дод, ки дар амалиёти амниятиҳои Русия дар Псков се муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания дар тирамоҳи соли 2024 гуфтанд, ки як шабакаи интиқоли маводи кимиёиро ба Русия ошкор карданд. Маҳсулоте, ки бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо фиристодани онҳо ба Русия манъ аст.
Маъмурияти президент Доналд Трамп мегӯяд, барои расидан ба сулҳ дар Украина бо ҷониби Русия гуфтугӯро идома медиҳанд.
Ҳамаи чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми қасди табаддулот ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, аз ҳукми додгоҳ ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдаанд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз Додгоҳи олӣ 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Аввалин музокироти мақомоти баландпояи ИМА ва Русия, ки аз замони оғози ҷанг дар Украина баргузор шуд, ба анҷом расид.
Оҷонси мубориза бо фасод бо арзёбии Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International, ки дар радабандии охири худ аз миёни 180 кишвар Тоҷикистонро дар зинаи 164-ум қарор дод, розӣ набудааст.
Вакили дифои рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова аз болои қарори 8 сол ҳабси ин хабарнигор ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз омода шудани тарҳи қонун “Дар бораи полис” хабар дод. Рамазон Раҳимзода гуфт, табдили милиса (милитсия) ба полис ба харҷи калон ниёз дорад. Раванди ислоҳот дар Тоҷикистон бо сармоягузории байнулмилалӣ 12 сол пеш сар шуда, зоҳиран то ҳол натиҷа надодааст.
Ёфтҳои бештар