Тайи 30 сол ин созмон дар 8 интихобот ба унвони нозир дар Тоҷикистон иштирок мекард. Дар ин муддат нисбат ба ин ниҳод андешаҳои гуногуне садо додааст: бархе иштироки онро раванди муҳими демократӣ номиданд ва баъзе ҳам онро як расмиёте беш намедонанд, ки низоми истибдодии феълиро машрӯъият мебахшад.
Аз 29 январ 22 нозири САҲА тибқи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои интихоботи демократӣ ва бо ҳадафи арзёбии интихоботи порлумонӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон бояд фиристода мешуданд. Тибқи иттилои расмӣ, Дафтари ниҳодҳои демократии САҲА инчунин 150 нозири кутоҳмуддатро низ бояд чанд руз пеш аз интихобот ба Тоҷикистон мефиристод.
Аммо дар изҳороти ахири САҲА омадааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ба Тоҷикистон рафтанд, аммо натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд. Мария Телалян, роҳбари Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи онки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 САҲА-ро ба интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ даъват мекунад. Ба ғайр аз баҳогузории мувофиқат, дафтари ниҳодҳои демократии САҲА инчунин барои беҳбуд бахшидани раванди интихобот тавсия медиҳад ва аз талошҳои Тоҷикистон барои баргузории интихоботи мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунад. Аммо, дар тӯли 30 сол ҳеч пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар арзёбиҳои ODIHR мушоҳида намешавад. Аз ин рӯ, бисёре дар кишвар ба нақши ин ниҳод бо тардид нигоҳ мекунанд.
Муҳим, аммо намодин
Нуриддин, устоди яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон қаблан дар интихоботҳои сатҳи гуногун ба ҳайси нозир иштирок кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳузури нозирони САҲА замоне муассир хоҳад буд, ки агар ҳукумат ба арзёбии онҳо тан бидиҳад. “Аз як тараф ҳузури нозирони байналмилалӣ ҳадди ақал машрӯъияти раванди интихоботро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин мекунад. Гузоришҳои онҳо ба интихоботҳо баҳои мустақил медиҳад ва қонуншиканиҳоро мустанад мекунад. Аз ҷониби дигар, иштироки онҳо бар ҳукумат фишори лозим оварда наметавонад ва ҳар чизеро, ки онҳо танқид мекунанд, иваз намешавад. Мо то ҳоло рақобати воқеӣ надорем. Захираҳои бузурги маъмурӣ истифода мешавад ва шумориши ғайришаффофи оро баргузор мешавад ва ғайра”, — мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Дитмир Бушантӣ, роҳбари ҳайати нозирон зимни нишасти матбуотии рӯзи 22-юми январ дар Душанбе гуфт, ки вазифаи онҳо сирфан назорат аст. “Мисле, ки шумо барои гирифтани табобати дуруст ба пизишк муроҷиат мекунед. Яъне, тасвири айнӣ аз кишвари шумо лозим аст...”, — таъкид дошт Бушантӣ.
Барои САҲА чӣ муҳим аст?
Дар гузориши ҳайати арзёбии талаботҳои ODIHR дар мавриди интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки новобаста аз набуди пешрафт дар иҷрои тавсияҳои қаблӣ, теъдоде аз мавзӯҳо лозим аст мавриди таҳлил ва таваҷҷуҳи ODIHR қарор бигиранд:
- Кори комиссияҳои интихоботӣ дар ҳамаи сатҳҳо;
- Вазъияти расонаҳо ва пӯшиши интихобот;
- Иҷроӣ шудани сабтиноми интихобкунандагон;
- Танзим ва назорати аҳзоби сиёсӣ, корзори интихоботӣ ва маблағгузории онҳо.
Яке аз нозирони пешини САҲА ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар гуна иддао аз сӯи раъйдиҳандагони тоҷик дар баробари ODIHR ғайривоқеӣ аст. “Ин як созмони ғайридавлатӣ ё як давлати мустақил нест, ки битавонад натиҷаи интихоботро (ғайр) машрӯъ эълом ва ё таҳрим кунад. Ин як созмони байнидавлатӣ аст, ки бар асоси тавофуқ байни тамомии аъзо (аз ҷумла Тоҷикистон) амал мекунад. Ин созмон вазифаи худро анҷом медиҳад-пешниҳоди арзёбии мустақил аз интихобот ва ироаи тавсияҳое ба кишвари узв дар мавриди чигунагии беҳбуди низоми интихоботӣ ба асоси усуле, ки тамомии кишварҳои узви САҲА бо он мувофиқат кардаанд. Ин ба он маъно нест, ки кишвари узви САҲА наметавонад ин усул ва тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро нодида бигирад ва инчунин шаҳрвандони худро бо ин иддао, ки ҳузури ODIHR машрӯъияти интихоботро таъйид кардааст, гумроҳ кунад. Танҳо худи шаҳрвандон метавонанд чунин рафторро мавриди таъйид ё рад қарор бидиҳанд”, — мегӯяд коршинос.
Тавсияҳои ODIHR дар мавриди интихобот дар Тоҷикистон
Дар гузориши ниҳоии интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2020 ODIHR чандин тавсияи калидиро барои Тоҷикистон матраҳ кард:
- Тавсия шуд, ки шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо фароҳам шавад, аз ҷумла дастрасии баробар ба расонаҳо ва ҳазфи имтиёзоти вижа барои расиҷумҳури феълӣ.
- Бар зарурати афзоиши шаффофият дар ҳамаи марҳилаҳои раванди интихобот таъкид шуд, аз ҷумла комиссияҳои интихоботӣ, сабти номи раъйдиҳандагон ва шумориши оро.
- Тавсия шуд, ки истиқлоли расонаҳо ва озодии онҳо дар пӯшиши корзори интихоботӣ ва инчунин сонсур ва фишор бар рӯзноманигорон ҳазф шавад.
- Бар зарурати эҷоди созукорҳои муассир барои баррасии шикоят ва эътирозоти муртабит бо раванди интихобот таъкид шуд, то адолат ва посухгӯи таъмин шавад.
Тибқи гузориши охир ҳеч яке аз ин тавсияҳо иҷро нашудааст.
Интихобот бидуни интихоб?
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон қарор аст 1-уми марти соли 2025 баргузор шавад. Ҳамаи аҳзоби ҳозир дар порлумон дар он иштирок мекунанд.
Аз 63 курсии парлумон 47 курсӣ дар ихтиёри Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳизби кишоварзӣ 7 курсӣ, коммунистӣ ду намоянда ва ҳизби сотсиалистӣ як курсӣ дорад. Ягона намояндаи Ҳизби демократӣ Саидҷафар Усмонзода буд, ки акнун ба иттиҳоми "талош барои табадуллоти давлатӣ" зиндонӣ шудааст.
Ҳамаи ин ҳизбҳо ошкоро сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд ва наметавон онҳоро аҳзоби мухолиф номид. Ягона ҳизби мухолифи сотсиал--демократӣ аз иштироки худ дар интихобот хабар надодааст.
Бахтиёр Сафаров, роҳбари ширкати “Central Asia Consulting” дар Вашингтон ба набуди кӯчактарин нишон аз интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ишора мекунад.
"Ман шахсан ба унвони нозир дар интихоботҳои солҳои 2005 ва 2009 иштирок кардам ва метавонам бигӯям, ки дар он замон ҳадди аққал зоҳиран мушорикати аҳзоби сиёсӣ бештар аз имрӯз буд. Ончӣ имрӯз шоҳиди он ҳастем, як ақибгарди бузург ва нишонае аз нотавонии мо дар эҷоди ниҳодҳои демократӣ аст. Пайомадҳо он барои кишвар танҳо бадтар хоҳад буд," — мегӯяд Сафаров.
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар панҷ сол якбор баргузор мешавад. Интихоби вакилон ин навбат дар аввали моҳи марти имсол дар назар гирифта шудааст.
Гуфтугӯ