Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз фурудгоҳи Маскав гардондаанд


Фурудгоҳи "Шереметево", Маскав, 23-юми октябри 2024
Фурудгоҳи "Шереметево", Маскав, 23-юми октябри 2024

Наздик ба 30 муҳоҷири тоҷик пас аз ду шабонарӯзи тафтиш ва интизорӣ дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Онҳо рӯзи 31-уми январ бо ҳавопаймо аз шаҳри Кӯлоб ба пойтахти Русия расиданд, вале аз фурудгоҳ берун рафта натавонистанд.

"Онҳо аллакай ба Тоҷикистон расиданд. Шиносномаҳоро дар фурудгоҳи Кӯлоб ба дасташон додаанд," – гуфт бародари яке аз муҳоҷирон ба "Мигрант Медиа" рӯзи 3-юми феврал. Ӯ дар Русия аст ва ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.

Мақомоти Русия муҳоҷиронро ба қонуншиканиҳои гуногун гунаҳкор кардаанд, дар ҳоле ки як қисми онҳо бори аввал сафар карда буданд. Худи муҳоҷирон рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо "Мигрант Медиа" гуфта буданд, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст ва пеш аз сафар санҷидаанд.

Як манбаи "Мигрант Медиа" сабаби ихроҷи бархе муҳоҷиронро ба ҷарима ва қарзҳои насупорида пайванд дод. Ба гуфтаи ин сарчашма, "эҳтимол аз телефони онҳое, ки бори аввал ба Русия сафар кардаанд, маводеро ёфта бошанд, ки боиси берун карданашон шудааст".

Яке аз муҳоҷирон гуфта буд, ки нияти сафарашон ба Русия ёфтани ҷойи кор Русия аст, аммо мақомот онҳоро дар фурудгоҳ боздошт карда, сабабашро шарҳ надоданд: "Мо барои кор омадем. Пештар ҳам дар ин ҷо кор мекардем, дар сохтмон. Ягон чиз нагуфта, шиносномаҳоро гирифтанд, телефонҳоро санҷиданд. Дар як ҳуҷра маҳкам карданд."

Ӯ афзуд, "ҳама дар рӯйи замин ва курсӣ хобанд. Як қиёмат одам, гушнаву ташна. Аз ҳар ҳавопаймое, ки ба Маскав меояд, 20-30 касро дастгир карда, бармегардонанд."

Навор дар Инстаграм:

Ҳафтаи гузашта раиси фурудгоҳи Кӯлоб дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ҳар ҳафта то 300 мусофири ихроҷшуда аз Русия бармегардад.

Нуралӣ Ҳомидзода, мудири фурудгоҳи Кӯлоб, гуфт: “Дар ҳақиқат, мусофиронеро бозпас мегардонанд, ки панҷ-шаш сол дар Русия кору истиқомат кардаанд, вале ҳуҷҷат надоранд. Бархе мусофиронро аз фурудгоҳ бамегардонанд, сабабаш номаълум аст. Худи муҳоҷирон ҳам гуфта наметавонанд, ки барои чӣ бозпас гардонида шудаанд."

Ин гуна ҳодисаҳо бори аввал нест. Дар як соли охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар дастгир ва бархе бе сабабҳои муайян ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, чанд дафъа аз "муносибати дағалона"-и ҷониби Русия изҳори нигаронӣ карданд. Ҷониби Русия ҳар дафъа санҷишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷиронро ба пешгирӣ аз бебандуборӣ ва қонунӣ кардани ҳузури коргарони хориҷӣ рабт додаанд.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG