Ихроҷи баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави зери ҳукумати “Толибон” наздиконашонро нигарон кардааст.
Як ҳавопаймои ширкати “American Airlines” ба чархболи Блек Ҳоуки артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон бархӯрда, ба рӯдхонаи Потомак афтодааст. Ҳодиса шаби 29-уми январ рӯй дод.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки мехоҳад ҷангро дар Украина ҳарчӣ зудтар ба поён бирасонад. Аммо майли ӯ барои хатми зуди ҷанг эҳтимол дорад, Киевро маъюс кунад.
“Субҳ ду соат, бегоҳӣ се соат барқ дорему бас.” Ин навиштаи гилаомези корбаре бо номи Саид аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар шабакаи Фейсбук аст. Шикоятҳои ба монанд ҳар рӯз аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ мерасанд.
Моҷарои тақдими хона (24 миллион рубл) ба оилаи серфарзанди Таҳмина Самадова дар шаҳри Митишии Русия се ҳафта боз доғ ва пурсарусадо мемонад.
Як ҳавопаймои ширкати "American Airlines" бо 60 мусофир ва 4 сарнишин дар осмони шаҳри Вашингтон бо як чархболи низомӣ бархӯрдааст.
“Дар мавриди суръати Интернет. Дар ҳақиқат, чунин камбудҳо дар соҳа вуҷуд доранд. Мо инро қабул дорем. Шикоятҳои аҳолӣ хеле зиёд аст, аз ҷумла дар ноҳияи дурдаст ва шаҳрҳои атрофи Душанбе. Инро пурра меомӯзем."
Баъд аз чанд соли баҳс, Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон тасмим дорад, ки эъломияи дороии мансабдоронро барои ҷомеа пешниҳод кунад. Хабарро раиси навтаъйини ин ниҳод Илёс Идрисзода дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми январ эълон кард.
Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, баҳси даҳсола бо ширкати литвонии “Скайроуд лизинг” тамом шуд.
Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки парвандаи зидди рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд. Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 29-уми январ дар изҳороте гуфт, рӯзноманигорон барои фаъолиятҳои худ набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2024 ҳар моҳе тақрибан 300-350 тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд.
Дар соли 2024 дар корхонаҳои Тоҷикистон сӣ коргар, аз ҷумла шаш шаҳрванди Чин, ба ҳалокат расида, тақрибан сӣ тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Ёфтҳои бештар