Дар соли 2024 дар корхонаҳои Тоҷикистон сӣ коргар, аз ҷумла шаш шаҳрванди Чин, ба ҳалокат расида, тақрибан сӣ тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Пайкари нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саидро дар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Исфара дафн карданд. Ӯ бештар аз 30 сол дар вилояти Оренбурги Русия мезист ва рӯзи 20-уми январ, ҳамонҷо дар 71-солагӣ даргузашт. Пайвандон сабаби марги ӯро “хуруҷи саратони меъда” гуфтанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон 9 кас, аз ҷумла як занро дар робита ба ҳамла ба Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Кӯлоб, аз панҷ сол зиндон то ҳабси абад маҳкум кардааст.
Мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол баъзе аз шаҳрвандони худро мекӯчонанд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии "Кабар" иттилоъ дод.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, дар даҳ моҳи охир, баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус”, поймоли ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар Русия афзудааст.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба нашри силсилаи матолиб дар телевизиони CNN вокуниш кард. Дар он Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ ва Абурайҳони Берунӣ ҳамчун донишмандони узбек муаррифӣ шудаанд.
Талаби 17 сол зиндон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова вокунишҳои зиёд ба бор овард. Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба “табадуллот” ба “хиёнат ба давлат” гумонзад медонанд. Қазияаш муҳри махфӣ дорад ва ҷузъиёташ маълум нест. Алҳол бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.
Афғонистониҳое, ки ҳуҷҷаташон барои кӯчидан ба Иёлоти Муттаҳида такмил шуда буд, ҳарос доранд, ки фармони президент Доналд Трамп онҳоро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.
Мансабдорони Урдун ва Миср бори дигар ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар бораи интиқоли сокинони Ғазза ба ин ду кишвар мухолифат карданд.
Ба гуфтаи баъзе аз пизишкон дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, давоми даҳ рӯзи охир муроҷиати сокинон аз зуком ва бемориҳоии дигари роҳҳои нафас зиёд шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба кишвар ягон вируси нав ворид нашудааст.
Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, мумкин аст, ба осонӣ бори ҳафтум дар интихоботи президентӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ пирӯз шавад. Баъзе аз мансабдорони Иттиҳоди Аврупо онро маъракаи “тақаллубӣ” номиданд.
Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико гуфтанд, ки тағйири сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар пас аз оғози кори президент Доналд Трамп метавонад ба ҳаёти онҳо таъсир гузорад.
Ёфтҳои бештар