Дар як нишасти хабарии Кохи Сафед рӯзи 5-уми январ Кэролайн Ливитт, сухангӯи Трамп пешниҳоди ӯ дар бораи Ғаззаро "таърихӣ" тавсиф кард ва гуфт, ки раисиҷумҳур ӯҳдадор нашудааст, нерӯҳои амрикоиро ба қаламрави муҳосирашудаи Фаластин фиристад.
“Президент ӯҳдадор нест, ки дар навори Ғазза иқдом кунад. Вай ҳамчунин эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида бозсозии Ғаззаро маблағгузорӣ намекунад. Маъмурияти ӯ қасд дорад, бо шарикони мо дар минтақа барои бозсозии ин минтақа ҳамкорӣ кунад,”—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Доналд Трамп дар мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ки "Иёлоти Муттаҳида назорати Ғаззаро ба даст мегирад ва мо дар ин минтақа иқдомоте хоҳем кард.”
Ҳамагӣ ду ҳафта пас аз оғози давраи раёсати ҷумҳурияш Трамп бо изҳороти мубҳам сиёсати чандин даҳсолаи ИМА-ро шикаст ва гуфт, ки қасд дорад Ғаззаро ба "Биҳишти Ховари Миёна" табдил кунад. Ин изҳорот дар ҳоле баён шуд, ки пас аз тақрибан 16 моҳи бомбаборони Исроил, ин минтақаи соҳили тахриб гашта ва тибқи омори фаластиниҳо, беш аз 47 000 нафар кушта шудаанд.
Ин суханони ӯ бо вокуниши тунди қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Олмон рӯ ба рӯ шуд, ки гуфтанд, ин “ранҷ ва бадбинии ҷадиде“ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, Арбистони Саудӣ ба унвони як қудрати минтақаӣ ин пешниҳодро ба таври комил рад кард.
Ҷеймс Гелвин устоди донишгоҳи Калифорния, Лос Анҷелес гуфт: “Аввалин вокуниши ман ин буд, ки Трамп-Трамп аст. Пешниҳод роҳе барои амалӣ шуданро надорад. Ин поксозии қавмӣ дар Фаластин ва Ғаззаро дар бар мегирад. Ин сафарбаркунии нерӯҳои низомии Амрикоиро пешбинӣ мекунад. Ин нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Он фаластиниёнро дар назар мегирад, ки бояд аз ҳуқуқуқи худ ба замине, ки дар он ҷойгиранд, даст кашанд. Ин шеваи кор муаасир нест.”
Трамп дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ дар соли 2024 ва пас аз бозгашт ба сари қудрат зиёд таъкид мекард, ки ба ҷангҳои ба гуфтаи худаш, "хандаовар" хотима хоҳад дод ва ба оғози низоъҳои дигар монеъ мешавад.
Дар ҷараёни сафараш ба Гватемала котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар як талоши возеҳ барои муқобила бо мавҷи интиқодҳои ҷаҳонӣ исрор кард, ки пешниҳоди Трамп “иқдоми душманона” нест.
Марко Рубио гуфт, "он чизе ки президент Трамп дирӯз эълон кард, як пешниҳод ва омодагии Иёлоти Муттаҳида барои бар ӯҳда гирифтани масъулият барои барқарорсозии ин минтақа аст."
Трамп рӯзи сешанбе ҳангоми истиқболи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед пешниҳоди худро эълон кард, аммо ҷузъиёт надод.
Вай гуфт, ки ӯ ва тимаш пешниҳоди ӯро бо Урдун, Миср ва дигар кишварҳои минтақа баррасӣ кардаанд.
Гуфтугӯ