Юлия – модари кӯдаки хурдсоле, ки ӯро як марди тоҷикистонӣ шабонгоҳ дар роҳи пурбарфе наҷот додааст, аз Бахтиёр миннатдор аст.
Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мегӯяд, дар Афғонистон теъдоди кӯдакони аз 5-сола поён ва ҳамингуна шумори занони ҳомила, ки ба қадри кофӣ ғизо барои хӯрдан намеёбанд, рӯ ба афзоиш дорад.
Барои иштирок дар маросими хайрбод бо Оқохони 4, раҳбари маънавии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 8 феврал ба шаҳри Лиссабони Португалия аз ҷумла нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳозир шудааст. Оқохони 4 ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт.
Бар асоси як амри ахири президенти ИМА Доналд Трамп, барномаи садҳо миллион доллар кӯмак ба Африқои Ҷанубӣ бекор мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, эҳтимолан ҳафтаи оянда ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот мекунад. Инчунин ӯ гуфт, бо президенти Русия Владимир Путин ҳам мехоҳад дидор кунад.
Шаби гузашта дар паи ҳамлаи паҳподҳои украинӣ дар се вилояти Русия хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ осеб дидаанд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ, ки шоми ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Ҳарбин баргузор шуд, бозиҳоро кушода эълон кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми феврал фармон дод, ки аз 1-уми сентябри имсол нишондиҳандаи ҳадди ақалли маош дар кишвар ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Бритониё ва дигар кишварҳои узви САҲА аз бекор шудани ҳузури нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон изҳори таассуф карда, аз Душанбе даъват намуданд ҳамкориро бо ин созмон “ба таври созанда” ба роҳ монад.
Гугуш - хонандаи саршиноси эронӣ гуфт, ки китоби хотироташ базудӣ нашр мешавад ва дар он достони шигифтангези зиндагии ин чеҳраи хотирсоз барои наслҳои мухталифи эрониён дарҷ хоҳад шуд.
Сокинони бесарпаноҳи Мариупол - як шаҳри муҳосирашуда аз сӯи Русия намехоҳанд ба хонаҳои холимондае кӯч банданд, ки соҳибонашон аз ҷанг гурехта, рафтаанд.
Волидони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки 5 феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” зиндонӣ шуд, ба бегуноҳии духтари худ исрор меварзанд ва аз мақомот дархост доранд, ки ҳукми 8 соли зиндони ӯ бозбинӣ шавад.
Ёфтҳои бештар