Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик, баъд аз эълони ҳукми Додгоҳ боздошт шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Қаблан додситон ҳабдаҳ сол маҳрумӣ аз озодӣ хоста буд.
Ӯ дар замони тафтиши парванда бо сабаби фарзанди хурдсол доштан дар озодӣ буд, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Вакили мудофеи Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз эълони ҳукм, "Рухшона Ҳакимоваро аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд".
Ба гуфтаи адвокат, додгоҳ нигоҳубини ду фарзанди хурдсоли Ҳакимоваро ба уҳдаи наздиконаш вогузоштааст. Фарзанди калонии ин хабарнигор дунимсола ва хурдиаш даҳмоҳа аст. "Нисбат ба ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарем," -- гуфт вакил.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 алайҳи Рухшона Ҳакимова бо иттиҳоми хиёнат ба давлат (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд. Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кард.
Як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” пайванд дод, вале азбаски қазияаш махфӣ ва мурофиа паси дарҳои баста гузашт, ҷузъиёташ маълум нест.
Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар), як созмони муътабари байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки парвандаи зидди рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд. Ин созмон 29-уми январ дар изҳороте гуфт, рӯзноманигорон барои фаъолиятҳои худ набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.
Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар донистаанд.