Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду маҳбуси кушташудаи зиндони Ваҳдат бе ҳузури наздикон дафн шудаанд


Акс аз зиндони Ваҳдат
Акс аз зиндони Ваҳдат

Ду тан аз маҳбусони кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор мешуданд, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.

Наздикони Ҷамолиддин Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе ва Сӯҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфтанд, ки ҷасади онҳоро надидаанд.

Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 3-юми феврал гурӯҳе аз зиндониён бо қасди фирор ба маъмурони зиндон ҳамла кардаанд ва се тан аз онҳо кушта шудааст. Дар аксҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, шумораи ҷасадҳои бештари зиндониён дида мешавад.

Наздикони Ҷамолиддин Ҳасанов дар маҳаллаи Саҳбои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҷасадро шаб ва бе ҳузури онҳо ба хок супурданд.

Ҷамолиддин Ҳасанов соли 2017 аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ба иттилои баъзе ҳамсуҳбатони мо, ӯро бо ҷурми пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳкум ба зиндон карда буданд. Ӯ 39 сол дошт ва дар гузашта ба тиҷорат машғул будааст.

Видеоро инҷо бинед:

Наздикони зиндониёни кушташуда бехабар аз ҳодиса?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кушташудаҳои дигари ин ҳодиса аст, ки соли 2019 бо айбномаи ҷалби шаҳрвандон ба ҷанг дар қаламрави кишварҳои дигар ба зиндон маҳкум шуда буд.

Раҳматулло Ҳасанов, бародари Сӯҳроб Ҳасанов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, гуфт: “Ҳамин қадар медонам, ки вақте ин кор шуд, ҷасади додарамро ба ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддин Шоҳин) бурданд. Ба падарам соати 12 занг заданд, ҳатто қабрашро канда буданд. Мардуме, ки онҷо буданд, ягон ҳамсояро намондаанд, ки назди қабр раванд.”

Дар бораи ширкаткунандагони дигари ошӯб маълумоти дақиқ нашр нашудааст ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ низ аз додани ҳар гуна маълумот худдорӣ мекунад.

Соли 2019 низ дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои расмияшон аз беҳтар шудани шароити зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG