Дар солгарди севуми ҳамлаи Русия ба Украина дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ширкати сафирони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони Киев нишаст баргузор шуд.
Баъзе аз шаҳрҳо холӣ; хона, мактаб ва бемористонҳо вайрон карда шудаанд. Осори ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар се соли охир. Бархе аз тоҷикони муқими Украина мегӯянд, ҷанги идомадор ба кору зиндагии онҳо низ бетаъсир намонд.
Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯйи тоҷикро, ки Шветсия моҳи декабри соли 2024 бо се духтари хурдсолаш аз ин кишвари аврупоӣ ба Душанбе ронда буд, дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ҷойгир кардаанд. Ҳамсараш берун аз Тоҷикистон қарор дорад.
Раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд мехоҳад камбуди манзилро бо сохтани биноҳои баландошёна ҳал кунад ва аз ин рӯ чанд қарори бунёди баландошёнаҳоро имзо кардааст. Вале баъзе аз оилаҳо мепурсанд, ки чаро чунин баландошёнаҳо бояд дар ҷойи хонаву дари онҳо сохта шаванд?
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Дар Бейрут, пойтахти Лубнон рӯзи 23-юми феврал маросими ҷанозаи Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ” баргузор шуд.
Мақомот сабаби баста шудани бозори “Ҳулбук”, яке аз калонтарин фурӯшгоҳҳои минтақаи Кӯлобро шарҳ доданд.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.
Имрӯз, 23-юми феврал, дар Олмон интихоботи пешазмӯҳлати порлумонӣ баргузор мешавад.
Исроил раҳоии 602 зиндонии фаластиниро, ки рӯзи шанбе бояд бар ивази озодии шаш гаравгони исроилӣ аз Ғазза раҳо мекард, ба таъхир гузошт.
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сармоягузорҳои нав меҷӯяд. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ёфтҳои бештар