Сокинони бесарпаноҳи Мариупол - як шаҳри муҳосирашуда аз сӯи Русия намехоҳанд ба хонаҳои холимондае кӯч банданд, ки соҳибонашон аз ҷанг гурехта, рафтаанд.
Волидони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки 5 феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” зиндонӣ шуд, ба бегуноҳии духтари худ исрор меварзанд ва аз мақомот дархост доранд, ки ҳукми 8 соли зиндони ӯ бозбинӣ шавад.
ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 7 феврал аз ҳабси чор зан бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ хабар дод.
Пайвандони Сӯҳроб Ҳасанов – маҳбуси рӯзи 3 феврал дар зиндони Ваҳдат кушташуда - як рӯз баъди боздошт аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин озод шуданд.
Дар Русия муҳоҷирони зиёде шикоят доранд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба феҳристи афроди зери назорат ворид карда, ҳисобҳои бонкиашонро бастаанд ва соҳаҳо барои фаъолиятҳояшонро маҳдуд кардаанд.
Фиристодаи махсуси президент Доналд Трамп гуфт, маъмурияти Кохи Сафед омода аст фишори таҳримҳоро ба Русия бо ҳадафи хатми ҷанг дар Украина якбора шиддат бахшад.
Президенти ИМА Доналд Трамп ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят таҳрим ҷорӣ кард, чун ин ниҳод ҳабси нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва собиқ вазири дифои ин кишвар Йоав Галантро содир кардааст.
Қарор аст дар Маскав рӯзи 13 феврал мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор шавад.
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, собиқ муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар рӯзи 7 феврал дар 78-солагӣ даргузашт.
Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, таҷлил нашудани ҷашни 85-солагии академик Акбари Турсон ба изҳори назарҳояш дар расонаҳо, аз ҷумла мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рабте надорад.
Пешниҳоди Доналд Трамп, президенти Амрико барои таҳти назорат гирифтани навори Ғазза ва ихроҷи фаластиниҳо интиқоди густардаро дар гушаҳои ҷаҳон ба бор овард.
Ду тан аз маҳбусони кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор мешуданд, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.
Ёфтҳои бештар