Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чизеро пинҳон мекунанд." Норӯшанҳои ҳодисаи хунин дар зиндони Ваҳдат


Зиндони шаҳри Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ
Зиндони шаҳри Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ

Пиромуниҳодисаи хунин дар зиндони шаҳри Ваҳдат, 24-километрии Душанбе, ки рӯзи 3-юми феврал рух дод, норӯшанӣ ва сарусадои зиёд ба назар мерасад. Камбуди маълумоти дақиқ сабаби шубҳаву гумонҳо шудааст ва онҳо яке пайи дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аз "ташкилӣ" будани ин ҳодиса то тахминҳое, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Чаро бовар намекунанд?

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров ин вазъро чунин шарҳ дод: "Мардум ба изҳороти расмӣ, алалхусус, изҳороти мақомоти қудратӣ бовар намекунанд. Чаро? Чун онҳо ҳеч гоҳ шафоф кор накардаанд. Боварӣ бештар ба расонаҳоест, ки берун аз Тоҷикистон кор ва маълумотро бе сензура паҳн мекунанд."

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал гуфт, гурӯҳи нуҳнафарии маҳбусон ба нигоҳбонҳо ҳамла карданду "се зиндонӣ кушта ва се корманд захмӣ" гаштанд. Баъзе аз расонаҳо номи 7 нафарро нашр карданд. Дар аксҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, пайкари 5 нафар дида мешавад. То кунун дафни ду зиндонӣ тасдиқ шуд.

Дар ҳоле ки мақомот ҳодисаро "ҳамлаи ҳалокатбор"-и зиндониён номиданд, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, рӯзи 4-уми феврал "саҳнасозии бераҳмонаи мақомоти Тоҷикистон" хондааст. Ин ҳодиса, ба бовари ӯ, "барои тарсонидани мардум, фиреб додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарёфти кумаки молист".

Нуфузи кӣ бештар?

Вазорати адлияи Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "қатлу талоши фирор" донист, вале дар бораи ширкатдорон ва узвияти онҳо ба ин ё он гурӯҳ ҳарфе назад.

Азамат Шамбилов
Азамат Шамбилов

Азамат Шамбилов, корманди Бунёди байнулмилалии ислоҳи зиндонҳо, мегӯяд, то солҳои 2000-ум намояндагони олами ҷиноӣ дар маҳбасҳо нуфуз доштанд ва онҳо ба чунин кор қодир буданд. Ҳоло, ба қавли ӯ, нуфузи касоне бештар шудааст, ки бо иттиҳомҳои терроризму ифротгароӣ зиндонӣ ҳастанд:

“Инҳо муддате бо ҷалби мардум ба гурӯҳҳо ва ташкили ҳамлаҳои террористӣ машғул буданд. Вақте ба зиндон мераванд, дигар қудрату нерӯ надоранд. Дар ин ҳолат мубориза барои бартарихоҳӣ сурат мегирад. Онҳо метавонанд аз он норозӣ бошанд, ки барояшон баргузории маросими хоси динӣ иҷоза нест ва ё намегузоранд, ки таҷаммуъ ташкил кунанд.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, мегӯяд, "зиндониёни кушташуда рабте ба ягон гурӯҳ надоштанд.” Бино ба ҳукми додгоҳе дар Душанбе, Сӯҳроб Ҳасанов, ки дар ҳодисаи рӯзи севуми январ дар маҳбаси Ваҳдат кушта шудааст, соли 2019 бо айбномаи ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги кишварҳои дигар зиндонӣ гашта буд.

Ифротгароёни воқеӣ ё зиндониёни сиёсӣ?

Коршиносон мегӯянд, ҳоло фарқи зиндониёни сиёсӣ аз ифротгароёни воқеӣ мушкил аст. Ба қавли ҳомии ҳуқуқи инсон Стив Свердлов, “моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ифротгароӣ, васеъ аст ва маънои гуногун дорад. Мо намедонем, ки дар ин миён кадоми онҳо ифротгаро ҳастанд ва кадоме зиндонии сиёсӣ. Мо ба ин розием, ки Тоҷикистон бо ифротгароӣ мушкил дорад, вале тарзи муборизае, ки мақомот пеш гирифтаанд, мухолифи риояи ҳуқуқи башар ва амнияти миллии ин кишвар аст.”

Стив Свердлов
Стив Свердлов

“Шумораи зиндониёни сиёсӣ ё сиёсиёне, ки дорои ақидаҳои динӣ ҳастанд, воқеан, дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Мо чанд соли охир дар бораи беш аз ҳазор нафар гап мезанем, вале шояд бештар аз ду ҳазор нафар бошанд. Мо медонем, ки онҳо дар вақти бозпурсӣ ва боздоштгоҳҳо шиканҷа шудаанд,” – афзуд ӯ.

"Агар чизе барои пинҳон кардан нест…"

Дар шаш соли охир бори дувум аст, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯб ё даргирии байни маҳбусон ва нозирони зиндон сар мезанад. Дар ҳодисаи аввал дар моҳи майи соли 2019 се нозир ва 29 маҳбус кушта шуданд.

Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд ва дертар ДОИШ ё созмони террористии “Давлати исломӣ” низ масъулиятро пазируфт.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҷойи нокофӣ дар зиндонҳо, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон номбар мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Маълум нест, аз он вақт то ҳоло ин рақам поин рафтааст ё боло.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст. Азамат Шамбилов, ки моҳҳо пеш дохили зиндони шаҳри Ваҳдатро дидаааст, мегӯяд, шароит дар муқоиса бо гузашта беҳтар аст.

“Масалан, ҳар гӯша ё бахши зиндон дуруст ҷойгир шудааст. Ҳар гурӯҳ раҳбар дорад, вале айни замон маҳбусон зиндагии худро пеш мебаранд. Он ҷо як мизи хурди теннис ҳаст, бинои ҷудогонаи чойхона доранд. Ҳатто шабонаҳо ба онҳо иҷозаи чойхӯрӣ медиҳанд, чунки ин бахши муҳими фарҳанги мардуми Осиёи Марказист,” – нақл кард ӯ рӯзи 4-уми феврал.

Стив Свердов бо ин ақида, ки вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст, розӣ нест: “Агар чизе барои пинҳон кардан нест, мақомот бояд нозирони байнулмилалиро ба зиндонҳо роҳ медоданд. Онҳо чизеро пинҳон мекунанд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро аз ошӯб дар зиндон кам мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
XS
SM
MD
LG