Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Шабакаи Рушди Оқохон, ки ӯ дар соли 1967 асос гузоштааст, бо эълони марги ӯ гуфт: "Он тавре ки мехост, барои беҳтар кардани зиндагии афрод ва ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон, новобаста аз мансубияти мазҳабӣ ва баромадашон, ҳамкориро бо шарикони худ идома медиҳем."
Оқохони чорум борҳо бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, чанде аз иншоот, аз ҷумла пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистонро бар фарози дарёи Ому ба истифода додааст.
Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, сафару ёриҳои Оқохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангӣ шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоидат кардааст.
Мамадшо Илолов, президенти пешини Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар суҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ин муддат “ёриҳои зиёде ба сокинони кишвар шуда, сохтори мукаммали мазҳабӣ низ таъсис гардид.”
Сафари охирини ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2012 сурат гирифт. Дар соли 2022 ду бор дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронии худро баён дошта буд.
Шабакаи Рушди Оқохон беш аз сӣ сол боз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ мекунад. Саҳмияи ширкати мобилии “Tcell”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ ва меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе ба он марбут дониста мешавад.
Вале Бунёди Оқохон пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар соли 2022, аз чанд бинои худ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳрум гашт. Аз ҷумла, Литсейи Оқохон, замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон, меҳмонхонаи “Серена” ва боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ.
Оқохони чор рӯзи 13-уми декабри соли 1936 дар Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, замони кӯдакиро дар Кения гузарондааст.
Сипас 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард мебошад. Дар 21-солагӣ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.
Шоҳзода Карим Оқохон ҳамзамон сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷаҳон ба шумор мерафт ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медоданд.