Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Беларус. Лукашенко аз демократия гуфт, Ғарб танқид кард


Александр Лукашенко. Минск, 26-уми январи 2025
Александр Лукашенко. Минск, 26-уми январи 2025

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, мумкин аст, ба осонӣ бори ҳафтум дар интихоботи президентӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ пирӯз шавад. Баъзе аз мансабдорони Иттиҳоди Аврупо онро маъракаи “тақаллубӣ” номиданд.

Интихоботи президентии Беларус рӯзи 26-уми январ баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот хабар дод, ки то соати 2-и баъд аз зуҳр зиёда аз 66 дарсад аҳолии қобили раъй овоз доданд.

Лукашенко, ҳампаймони Русия, се даҳсола боз дар қудрат аст. Вай баъди овоздиҳӣ дар суҳбат бо хабарнигорон аз “демократияи қавӣ” дар Беларус ситоиш кард. Намояндагони мухолифон, мудофеони ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ розӣ нестанд.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Вашингтон, дар гузорише Беларусро кишвари худкомае номид, ки “интихоботҳояш бо тақаллуби ошкор гузашта, озодиҳои шаҳрвандӣ бисёр маҳдуд аст”.

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус дар Литва, рӯзи 26-уми январ гуфт, ки дар шаҳрҳои саросари Аврупо гирдиҳамоӣ алайҳи интихобот ҷараён дорад. "Беларус хоҳони озодӣ аст,” – нигошт ӯ дар шабакаи “X”.

Тазоҳурот ба зидди интихобот дар Беларус. Варшава, Лаҳистон. 26-уми январи 2025
Тазоҳурот ба зидди интихобот дар Беларус. Варшава, Лаҳистон. 26-уми январи 2025

Мансабдорони баландпояи Иттиҳоди Аврупо пеш аз оғози интихобот машрӯият ё қонунӣ будани овоздиҳӣ ва ҳамин тавр пирӯзии Александр Лукашенкоро дар интихобот зери суол гузоштанд.

Раиси порлумони Аврупо Роберта Метсола дар як навиштааш дар шабакаи “Х” интихоботи Беларусро “қаллобӣ” номид. Ӯ хитоб ба мардуми Беларус гуфт, “қавӣ бошед, мо дар паси шумо ҳастем, даврони диктатура ба охир мерасад.”

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Александр Лукашенкоро барои “тайи 30 сол ба қудрат часпиданаш” танқид кард. Вай дар шабакаи “Х” навишт, ки Лукашенко дар интихоботи дигари дурӯғин худро баранда эълон хоҳад кард. “Ин тавҳини рӯйирост ба демократия аст,” – афзуд Каллас.

Александр Лукашенко рӯзи 26-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Минск гуфт: “Интихоботро эътироф мекунед ё не, ин масъалаи салиқа аст. Ба ман фарқ надорад. Чизи асосӣ барои ман ин аст, ки сокинони Беларус интихоботро эътироф мекунанд.”

Дар ин интихобот ба ҷуз аз Александр Лукашенко чор каси дигар довталаби курсии президент ҳастанд:

  • Олег Гайдукевич, раҳбари ҳизби либерал-демократ;
  • Сергей Сиранков, котиби аввали ҳизби коммунист;
  • Александр Хижняк, раҳбари ҳизби кор ва адолат;
  • Анна Конопатская, вакили собиқи порлумон.
Гирдиҳамоӣ дар Литва алайҳи интихоботи президентӣ дар Беларус. Вилнюс, 26-уми январи 2025
Гирдиҳамоӣ дар Литва алайҳи интихоботи президентӣ дар Беларус. Вилнюс, 26-уми январи 2025

Ҳамаи онҳо, ба ҷуз Конопатская, сиёсатмадорони вафодор ба Лукашенко номбар мешаванд. Конопатская худашро "ягона номзади мухолиф" номидааст, дар ҳоле ки нозирони мустақил ӯро ба "спойлер" монанд мекунанд. Спойлер номзад ё ҳизбест, ки дар интихобот имкони пирӯзӣ надорад, аммо бахше аз раъйи номзади дигарро мегирад ва ба ин васила шонси пирӯзии ӯро кам мекунад.

Анна Конопатская дар интихоботи президентии соли 2020 ҳамагӣ 1,68 дарсад овоз гирифта буд.

Александр Лукашенко 70-сола аст ва аз соли 1994 дар сари қудрат. Интизор меравад, ӯ дафъаи ҳафтум идораи давлатро дар Беларус ба даст гирад.

Мухолифону кишварҳои ғарбӣ дар интихоботи соли 2020 намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро пирӯз дониста буданд. Мақомот Лукашенкоро баранда эълон карданд.

Пас аз он Беларус шоҳиди тазоҳурот шуд. Дар натиҷа, ҳазорон нафар боздошту зиндонӣ гаштанд ва шуморе ночор кишварро тарк карданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки чанд эътирозгар кушта ва баъзе аз боздоштшудаҳо шиканҷа шудаанд.

XS
SM
MD
LG