Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саратони меъда". Ҳабиб Саидро дар Исфара дафн карданд


Ҳабиб Саид дар 71-солагӣ дар Русия даргузашт
Ҳабиб Саид дар 71-солагӣ дар Русия даргузашт

Пайкари нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саидро охири ҳафтаи гузашта дар зодгоҳаш, шаҳри Исфара, дафн карданд. Ӯ бештар аз 30 сол дар вилояти Оренбурги Русия мезист ва рӯзи 20-уми январ, ҳамонҷо дар 71-солагӣ даргузашт. Пайвандон сабаби марги ӯро "саратони меъда" гуфтанд.

"Русҳо ҳифз мекунанд, мо нест мекунем"

Ҳабиб Саид хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзист, аммо пешаҳои зиёдеро озмудааст. Кафшергар, челонгар, геолог, муҳандис, корманди нашрияи "Ҳафтганҷ" ва шореҳи сиёсии Радиои Тоҷикистон буд.

Муҳибуллоҳи Қурбон
Муҳибуллоҳи Қурбон

Рӯзноманигор Муҳибуллоҳи Қурбон, сардабири нашрияи "Ҳафтганҷ", гуфт, "Ҳабиб Саид моҳи ноябри соли 1990 бо мо ҳамкориро оғоз карда, то охир монданд. Номи нашрия бо ҳуруфи форсӣ буд. Бо хати кириллии хурд дар зераш "Ҳафтганҷ" навишта будем. Ҳатто муҳри мо ҳам ба забони форсӣ буд. Яъне, мо умедвор будем, ки ними газетаро бо ҳуруфи форсӣ чоп мекардем. Дар ин самт, албатта, хизмати Ҳабибҷон ҳам буд."

Ҳабиб Саид дар солҳои 90-ум, дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба Русия рафта, то охири умр дар онҷо монд. Ӯ соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди кӯчиданаш ба Русия корро дар корхонаи равғанкашӣ низ таҷриба кард, вале сактаи қалбӣ шуду ба нафақа баромад ва ба кори эҷодӣ баргашт.

Вай дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд. Ҳабиб Саид мақсади ин корашро эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва интиқол ба наслҳои оянда маънидод мекард.

"Радиои Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор сабт дорад, ки бояд ҳамаашро аз лента ба MP3 гузаронем, то нобуд нашаванд. Бисёриҳо онҳоро мепартоянд. Як дӯстам ба ман навишт, ки бо дастони худашон лентаҳои нодирро бурда нобуд кардаанд. Сабтҳои барномаҳои театрии соли 50-умро. Ҳамаи ин чизҳоро эҳтиёт кардан лозим буд. Русҳо ин чизҳоро ҳифз мекунанд, эҳтиёткор ҳастанд, аммо мо инҳоро нест мекунем," – гуфта буд ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Хеле ғусса хӯрданд"

Ҳабиб Саид дар ҳамин мусоҳибааш аз монеагузориҳо дар кор ва шикаставу баста шудани саҳифаҳояш дар Интернет шиква карда буд. Бо ин вуҷуд фарҳангшиносону адабиётшиносон заҳматҳои ӯро дар ин роҳ муассир медонанд.

Бобоҷони Шафеъ
Бобоҷони Шафеъ

Рӯзноманигор Бобоҷони Шафеъ гуфт: "Дар Русия зиста, корҳои мондагореро анҷом доданд. Як бахши он пайдо ва гирдоварии сабтҳои нодири мусиқиву намоишҳои театрӣ буд. Банда ҳам дар ин кор гоҳ- гоҳе барояшон кумак мекардам. Саҳифаи Ютубашон хеле пурбинанда буд. Чанд канал доштанд, аммо пурбинандатаринаш бо шикоят баста шуд. Хеле аз ин ғусса хӯрданд, чун як канали пурбинандаву пурматолиб буд. Баъдан намедонам корашон дар баҳс бо маъмурияти Ютуб ба куҷо кашид."

"Дар муқобили он блогерҳое, ки бо матлабҳои хеле ночиз дар ҷомеаи мо ба худ шуҳрате касб карданӣ шуданд, корҳои Ҳабиб Саид муҳим ва мондагор буданд. Он кас, воқеан ҳам, дар фазои маҷозӣ коре кардаанд, ки шабеҳи корҳои донишномавӣ буд," – гуфт адабиётшинос Субҳони Аъзамзод.

Ӯ афзуд, сабки навиштории Ҳабиб Саид баргирифта аз асарҳои падараш Лутфӣ Ҳабиб буд ва аз худ осори гаронбаҳои насрӣ низ мондааст. Ҳикояи нахустини нависанда бо номи "Нома" дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” соли 1988 чоп шудааст. Насри ӯ ҳикоя, новелла ва фантастикаро дарбар мегирад.

Нахустин китобаш бо номи "Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад" соли 1992 дар нашриёти "Ирфон" чоп шудааст. Пас аз ҳиҷрат ба Русия ба забони русӣ низ асарҳо эҷод кардааст.

Аз Исфара то Ҳисор

Лутфӣ ва Шафқат Саид, падар ва амаки Ҳабиб Саид, аз нависандагону рӯзноманигорони шинохтаи даврони Шӯравӣ будаанд. Лутфӣ Саид дар нимаҳои қарни гузашта, бо сабаби авзои номуносиби давр ба минтақаи дигари Тоҷикистон кӯчида, сипас бо аҳли хонавода ба зодгоҳаш шаҳри Исфара баргаштаву инҷо хок шудааст.

Субҳони Аъзамзод
Субҳони Аъзамзод

“Лутфӣ Саид фарзанди домуллои муътабари замони худ Мирсаиди Аълам будаанд. Падарашон дар солҳои гирудори шахсиятпарастии сталинӣ қурбони террорҳои онвақта шудаанд. Баъд аз ин Лутфӣ Саид дар Тошканд хонда, бо роҳхат ба деҳаи Искичи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор рафта, дар онҷо чандин сол зиндагӣ кардаанд,” – гуфт адабиётшинос Субҳони Аъзамзод.

Ҳамкасбон, рӯзноманигорону мунаққидони адабиёт ва фарҳангшиносон мегӯянд, Ҳабиб Саид дар ҷодаи эҷод нақшаву ормонҳои зиёд дошт, ки бо худ бурд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳабиб Саидро дар Исфара дафн карданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:19 0:00
XS
SM
MD
LG