Ҳокимони тундрави Толибон дар Афғонистон аз иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба таълими духтарон дар ҷаҳони Ислом худдорӣ карданд.
Додгоҳе дар Ню Йорк қарор кард, ки Доналд Трамп аз рӯи парвандаи сохтакории ҳуҷҷатҳои корӣ бо мақсади пинҳон кардани ҳодисаи пардохти 130 ҳазор доллар ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ Сторми Дениэлс “бешарту шурут озод карда шавад”.
Полиси Қирғизистон гуфт, ки духтари 16-солаеро боздошт кардааст, ки эҳтимолан дар масҷиди шаҳри Қизилкии вилояти Ботканд як ҳафта пеш кӯдаки навзодеро партофта рафтааст.
Як ҷавони 28-сола, ки ба тозагӣ аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шудааст, мегӯяд, бо далели тахриби манзилаш ҳоло дар кӯча мондааст ва аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон талаб дорад, ба мушкилаш расидагӣ шавад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Нахуствазир Мюте Эгеде гуфт, ҷазираи Гренландия дар талоши дастёбӣ ба истиқлолият аст ва намехоҳад, ки тобеи Дания ё ИМА бошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо як фармонаш аз 10 январ санҷиши кори ширкатҳои соҳибкорӣ дар кишварро ба мӯҳлати ду сол барои сохторҳои тафтишотии кишвар, ба ҷуз мақомоти андоз, манъ кард.
Парлумон ё Сейми Латвия - як кишвари воқеъ дар соҳилҳои Балтика, мехоҳад дар қонунҳо “Дар бораи муҳоҷират” ва “Дар бораи сарҳади давлатӣ” талаботи нав ворид кунад, ки мақсадаш пешгирӣ аз ворид шудани шахсони табаҳкор ё ҷосусони Русия мебошад.
Иёлоти Муттаҳида "Газпромнефт" ва "Сургутнефтегаз", ду ширкати азими нафтии Русияро таҳрим кард. Ин қарор, ки рӯзи 10-уми январ нашр шуд, зиёда аз 20 корхонаи тобеи онҳо, аз ҷумла “Газмронефт” дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро бар мегирад.
Як рӯз баъди расонаӣ шудани муроҷиати додхоҳии хабарнигор ва сардабири нашрияи мустақили "Пайк" аз Рустами Эмомалӣ, додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба даҳ сол ҳабс маҳкум кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, соли 2024 фаъолияти 651 иншоот “бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд”.
Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ҳоло омодагӣ ба мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ҷараён дорад, вале ӯ нагуфт, ки ин вохӯрӣ кай барпо мешавад.
Ёфтҳои бештар